Мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба - шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ - Калининобод) ба - шаҳри Леваканд табдили ном кунанд.

Ҳамзамон мақомоти вилоят ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардаанд, ки номи ноҳияи Бохтар (замони шӯравӣ - Коммунистӣ) ба ноҳияи Кӯшониён иваз карда шавад.

Тавре як манбаи “Азия-Плюс” дар палатаи болоии парлумон дар ин робита иттилоъ дод, дар сурати қабули пешниҳод, он аз ҷониби ҳукумат мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ фиристода мешавад.

Шаҳри Қӯрғонтеппа дар ҷанубу ғарбии Тоҷикистон дар соҳили дарёи Вахш, баландии 428 м. аз сатҳи баҳр ҷой дорад. Он дар 100 километрии шаҳри Душанбе, дар водии Вахш, ҷойгир аст. Ин шаҳр бо 105 400  нафар аҳолӣ сеюмин шаҳри Тоҷикистон аст.

Қӯрғонтеппа маркази кишоварзӣ, асосан пахтакорӣ, дар Тоҷикистон аст. Дар ин шаҳр, ба ҷуз аз тоҷикон, аққалияте аз ӯзбекон ва русҳо низ зиндагонӣ мекунад. Қӯрғонтеппа солҳои 1944 - 1992 маркази вилояти Қӯрғонтеппа буд ва аз соли 1993 маркази вилояти Хатлон аст.

Имрӯз шаҳри Қӯрғонтеппа яке аз шаҳрҳои бузурги кишвар маҳсуб ёфта, дар он якчанд корхонаҳои бузурги саноатӣ, мактабҳои олӣ, коллеҷу литсейҳо, меҳмонхонаҳо ва ғайра фаъолият доранд.