Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бо паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон ба мардуми Тоҷикистон муроҷиат кард.

Матни он дар торнамои сарвари давлат нашр шудааст

“Вазъи имрӯзаи ҷаҳон ва торафт доман паҳн намудани бемории хатарноки сироятӣ моро водор месозад, ки ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа диҳем ва нагузорем, ки ин бемории хатарнок дар миёни ҷомеаи мо пайдо шуда, саломатӣ ва ҳаёти одамонро дар хатар гузорад.

Ҳарчанд дар кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо ин маънои онро надорад, ки мо ғофилу бепарво бошем. Имрӯз тамоми ҷаҳонро ин вабо ба ташвишу нигаронии сахт гирифтор кардааст. Ҳатто дар кишварҳои пешрафта, бо вуҷуди тадбирҳои зиёди амалишуда, шиддати он паст нагардида истодааст.

Корхонаҳои азиму пуриқтидор дар аксари давлатҳои олам аз кор мондаанд ва буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ҳамаи мамлакатҳо, аз ҷумла Тоҷикистони моро таҳти таъсир қарор додааст.

Дар чунин шароит ва хусусан, дар ин моҳи муборак моро зарур аст, ки ба қоидаҳои беҳдоштӣ дар хона, маҳалли зист, ҷойи кор ва ҷойҳои ҷамъиятӣ бештар диққат диҳем, барои ҳифзи саломатии худамон, аъзои хонавода ва аҳли ҷомеа талош варзем.

Ба андешаи мутахассисон, риояи қатъии тадбирҳои беҳдоштӣ ва тозагиву озодагӣ яке аз муҳимтарин роҳҳои пешгирии ин беморӣ мебошад ва ин талабот дар сарчашмаҳои шариати ислом низ борҳо таъкид шудааст. Чунончи, пайғамбари ислом дар ҳадиси худ мефармояд: “Покизагӣ нисфи имон аст”.

Пайғамбари гиромӣ ҳамчунин фармудааст: “Ҳангоме ки дар бораи паҳн гаштани бемории сирояткунанда дар сарзамине хабардор шудед, ба он сарзамин дохил нашавед. Аммо агар дар сарзамине бошед, ки дар он ҷо марази сирояткунанда хуруҷ кардааст, пас аз он сарзамин берун наравед!”

Дар ҷойи дигар ба ин маънӣ гуфтааст: “Инсон худ ва дигаронро аз хатарҳои ногаҳонӣ эҳтиёт намояд ва аз бемориҳое, ки хусусияти сироятӣ доранд, барҳазар созад”.

Бовар дорам, ки мардуми таҳаммулгарои мо ин мушкилотро низ бо сабру тамкин паси сар карда, ба заҳмати софдилона машғул мешаванд, ҳар як ваҷаб заминро, ки ризқу рӯзии аҳли оила ва мардум аст, самаранок истифода менамоянд ва ба хотири фаровонии дастархони хеш сарҷамъу аҳлона заҳмат мекашанд.

Моҳи Рамазони имсола, илова ба бемории хатарноки коронавирус, ба давраи авҷи кишту кори баҳорӣ ва ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ баробар омад. Бинобар ин, мо бояд мувофиқи шароит амал кунем ва пеш аз ҳама, дар фикри саломатии худ ва аҳли хонадон бошем.

Возеҳу равшан аст, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом саломатии инсон ва ҳифзи ҳаёти одамон аз тамоми фаризаҳои дигар болотар аст. Ин масъала дар сарчашмаҳои муътабари фиқҳӣ борҳо ва батафсил зикр шудааст. Яъне мо набояд дидаву дониста, дар натиҷаи нанӯшидани об ва нахӯрдани хӯрок, ки хусусан, ба саломатии калонсолон зарар дорад, ба ҷони худ ҷабр кунем ва ба худкушӣ даст занем. Зеро дар натиҷаи рӯзи дароз ташнаву гурусна будан масунияти бадани одам паст шуда, онро ба қабули ҳар гуна бемориҳои сироятӣ осебпазир мегардонад.

Аксари фақеҳони исломӣ муқаррар кардаанд, ки ба кишоварзон, чорводорон ва шахсони машғул бо дигар касбу корҳои пурмашаққат, ки гуруснагӣ ё ташнагии сахт ба саломатии онҳо зарар мерасонад, хӯрдани рӯза иҷозат аст. Яъне шахсоне, ки осоиши ҷомеа аз касбу кори онҳо вобаста мебошад ва ба ибораи дигар, дар хизмати мардум ҳастанд, метавонанд дар асоси сабукиҳои зикршуда рӯзаи худро ба вақти дигар гузоранд.
Ман аз ҳамаи онҳое, ки дар саҳро кор мекунанд ва ба истеҳсоли неъматҳои моддӣ машғуланд, даъват мекунам, ки ба хотири саломатии худ ва аҳли хонадон, ризқу рӯзии оилаашон ва мардуми кишвар, инчунин таъмин кардани бозори истеъмолии мамлакат бо маводи ғизоӣ аз ин сабукӣ истифода карда, гирифтани рӯзаро ба вақти мусоиди дигар мавқуф гузоранд. Чунин одамон набояд ба ризқу рӯзии аъзои оилаашон зомин шаванд ва саломативу ҳаёти онҳоро таҳти хатар гузоранд.

Зеро мо агар имрӯз кор накунем, дар тирамоҳу зимистони дарпешистода рӯзгори ҳар як оила ба сахтиҳои зиёд дучор мешавад, қаҳтиву қиматӣ ва наҳс ба вуҷуд меояд. Мову шумо набояд ба умеди дигарон шавем. Чунки имрӯзҳо ҳамаи кишварҳои олам дар фикри ҳалли мушкилоти худашон ҳастанд ва касе намедонад, ки ин ҳолат чӣ қадар идома меёбад ва дар пеш моро боз чӣ мушкилоти дигар интизоранд.

Дар ин моҳи муборак, пеш аз ҳама, тамоми хизматчиёни давлатӣ, вакилони мардумӣ, роҳбарони сохтору мақомот, ташкилоту муассисаҳо ва соҳибкорону тоҷиронро зарур аст, ки бештар аз ҳама даст ба кори хайр зананд, зеро онҳо имкони беҳтари иҷрои амалҳои солеҳро доранд.
Бо назардошти ин, ки соли ҷорӣ яке аз вазнинтарин солҳо дар ҳаёти башарият, аз ҷумла мардуми мо дар оғози ҳазораи нав мебошад, ман дар ҷаласаи Ҳукумат тамоми роҳбарону масъулонро доир ба 40 фоиз зиёд кардани майдони кишти картошка, яъне нони дуюм ва то 60 фоиз афзоиш додани масоҳати кишти такрорӣ – ғалладонагиҳо, аз ҷумла ҷуворимакка, шолӣ, лӯбиёгиҳо ва зироатҳои дигар вазифадор намудам.

Дар шароити имрӯза мо бояд ба ҳар як оила ин масъаларо фаҳмонем, ки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои президентӣ барои истеҳсоли маводи ғизоӣ истифода карда шаванд”.

Ёдрас мекунем, ки имсол моҳи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 24-уми апрел фаро мерасад.

Тибқи қарори Шӯрои уламои Тоҷикистон маблағҳои закот ва садақаи фитр чунин муқаррар шудааст:

- Мувофиқи ҳисоби шаръӣ нисоби закот 21000 сомонӣ, ки аз он 525 сомонӣ закот дода мешавад.

Садақаи фитр мувофиқи меъёри шаръӣ ба ҳисоби гандум 5 сомонӣ муайян карда шавад.

- Бо назардошти вазъи кунунӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ садақаи фитр ба ниёзмандону маъюбон ва ятимон дода шавад.

Фидяи савм дар моҳи шарифи Рамазони соли 2020 барои соҳибони узри шаръӣ (шайхи фонӣ) ва бемороне, ки аз сиҳатшавии онҳо умеде нест, ба миқдори 300 сомонӣ барои 30 рӯз муайян карда шавад.

Тақвими моҳи шарифи Рамазон-2020 дар ин матлаби нашркардаи Маркази исломии Тоҷикистон дастрас аст.

Бо мақсади пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19), Шӯрои уламои Тоҷикистон аз 18-уми апрел баргузории намозҳои ҷамоат – панҷвақта, ҷумъа ва таровеҳро дар масҷидҳои кишвар ва ҷамоатхонаҳо то беҳбуд ёфтани вазъият манъ карда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.