Тибқи амру фармонҳои президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои ҳукумати ҷумҳурӣ дар мақомоти судӣ, прокуратура, воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи президент ва муассисаҳои соҳаи маориф ва илми кишвар тағйироти кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бо фармонҳои президент раисони судҳои ВМКБ, шаҳри Норак ва ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон, муовинони раисони судҳои вилояти Хатлон, шаҳрҳои Бохтар ва Ваҳдат аз ҳисоби кадрҳои соҳибтаҷрибаи мақомоти судӣ таъин гардиданд.

Дар мувофиқа бо президенти прокуророни ноҳияҳои Кӯшониён, Хуросон ва Шаҳритуси вилояти Хатлон, шаҳри Исфара ва ноҳияи Спитамени вилояти Суғд, ноҳияи Тоҷикобод ва прокурори гарнизони ҳарбии ноҳияи Рашт таъин гардиданд.


Бо қарорҳои ҳукумат ба мансабҳои зерин инҳо таъин шуданд:

- Бобозода Ҳокимшо - раиси Раёсати корхонаи воҳиди давлатии бонки саноативу содиротии Тоҷикистон «Саноатсодиротбонк»;

- Амирзода Ориф - директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳои ҶТ;

- Нуриддинзода Сайҷамолиддин - директори Муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»;

- Давлатқадам Бахтовар - директори муассисаи таълимии давлатии «Мактаб –интернати ҷумҳуриявӣ дар ноҳияи Рӯшон»-и ВМКБ;

Азизӣ Зебуннисо - муовини директори муассисаи давлатии «Телевизиони Сафина».


Бо амрҳои президент инҳо ба вазифаҳои зерин таъин шуданд:

- Ҳошимзода Даврон - сардори Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон;

- Соҳибзода Муҳаммадҷон - муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти Тоҷикистон.


“Сафҳои мақомоти прокуратура ва суд аз шахсони тасодуфӣ тоза шавад”

Зимни сӯҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои муҳимму масъулиятнок таъингардида сарвари давлат таъкид дошт, ки “сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати мамлакат ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини волоияти қонун, адолати иҷтимоӣ, мубориза бар зидди ҳамагуна зуҳуроти номатлубу унсурҳои барои ҷомеа бегона, риояи баробари иҷрои қонуну барномаҳои давлатӣ дар мамлакат равона гардидаааст”.

Таъкид мешавад, ки президент аз қонуншиканӣ, даст ба ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ задан ва содир намудани рафторе, ки шаъну шарафи корманди мақомоти прокуратура ва судиро доғдор менамоянд, мисолҳои мушаххас оварда, ба раиси Суди олӣ ва Прокурори генералӣ дастури қатъӣ дод, ки бо гузаронидани санҷишҳои тахассусӣ ва омӯзиши фаъолияти ҳар як корманди соҳа сафи мақомоти судӣ ва прокуратураро, ки аз шохаҳои муҳими давлатдорӣ ба ҳисоб мераванд, аз шахсони тасодуфӣ тоза намоянд.


«Худатон дар ҷомеа намунаи ибрат бошед ва барои таъмини волоияти қонуну тартибот кӯшиш ба харҷ диҳед» - таъкид намуд Пешвои миллат.

Зикр шуд, ки робитаи наздик бо мардум, таҳлилу баррасии одилона ва касбии ҳар як парвандаи ҷиноятӣ, таъмини баробари иҷрои қонунҳо, боло гузоштани манфиатҳои давлату миллат аз вазифаҳое буданд, ки дар назди роҳбарон ва мутахассисоне, ки ба вазифаҳои масъули хизмати давлатӣ таъин гардиданд, гузошта шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.