Намояндагони созмони ҷавонони «Пешоҳанг» дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон дар Душанбе як аксия доир намуданд.

Дар ин чорабинӣ ҳудуди 300 нафар донишҷӯён гирдиҳам омада, дар он бо андешаҳои фаъолони «Пешоҳанг», ки алайҳи аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ дастгирӣ шудани ҲНИТ изҳори назар мекунанд, шинос шуданд.

«ҲНИТ мехоҳад боз дар Тоҷикистон ҷангро сар кунад», - изҳор дошт ба донишҷӯён Сайдулло Қувватов, яке аз пешвоёни «Пешоҳанг», ки худ низ толибилми ин донишгоҳ аст.

Қаблан наздики 50 нафар намояндагони созмони ҷавонони «Пешоҳанг»-и Тоҷикистон рӯзи 21 сентябр назди бинои Дафтари САҲА дар Душанбе ҷамъ омада, аз ин ниҳод посух ба муроҷиаташонро дархост намуда буданд.



