То 1 июл дар Тоҷикистон 41 ҳолати гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ (сибирскамя язва) ба қайд гирифта шудааст. Истисно танҳо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳияи Рашт (ба истиснои Роғун) мебошанд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” Наврӯз Ҷаъфаров, муовини сардори Раёсати бехатарии эпидемиологӣ, ҳолатҳои изтирорӣ ва ёрии таъҷилии Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабар дод.

Сӯхтанӣ: хатари мавсимиест, ки аз он бояд огоҳ буд

Авҷи гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ дар Тоҷикистон маъмулан  ба моҳҳои тобистон, бахусус дар давраи хушкшавии алаф рост меояд. Вақте ки ҳайвонот алафи хушкро бо решаҳо ва зарраҳои хоки сироятшуда мехӯранд, метавонанд сироят ёбанд. Ҷаъфаров шарҳ дод, ки минбаъд ин сироят ба одамоне, ки бо коркарди пусти ҳайвонот, пашм ё гӯшт машғуланд, гузашта метавонад.

Ӯ таъкид кард, ки таркибҳои бемории сӯхтанӣ метавонанд то 80 сол дар хок боқӣ монанд. Аммо муайян кардани манбаъҳои дақиқи сироят хеле душвор аст, зеро чорво тез-тез аз як макон ба ҷойи дигар мекӯчад.

“Мушкил сари он аст, ки қассобон на ҳамеша хатари сироятро ба назар мегиранд. Муоинаи чорво пеш аз забҳ (куштан) вазифаи мустақими байторҳо буда, чунин муоина бояд мунтазам, махсусан пеш аз ин амал анҷом дода шавад”, - таъкид дошт намояндаи Вазорати тандурустӣ.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи навъҳои чорвои хонагӣ нисбат ба ин беморӣ осебпазиранд: чорвои калон, бузу гӯсфандон. Одам метавонад тавассути гӯшт ё дигар маҳсулоти ҳайвонот аз ин беморӣ сироят ёбад.

Ҳайвони бемор бояд тибқи меъёрҳои санитарӣ маҳв (кушта) шавад. Ҷаъфаров илова намуд, ки ҳатто агар онро чуқур дар хок гӯр кунанд ҳам, патогенҳо метавонанд аз тарафи калламуш ё дигар ҳайвонот дубора ба рӯи замин бароварда шаванд.

Хабари хуб он аст, ки ин беморӣ муолиҷашаванда буда, тайи ду соли охир дар кишвар ягон ҳолати марг аз ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст.

“Вазъият таҳти назорати мақомоти масъул қарор дорад, аз ҷумла Кумитаи амнияти озуқаворӣ, - иброз дошт мутахассис. - Муҳимаш муоинаи ҳатмии ҳайвонот ва ваксиназании ҳарсолаи онҳост”.

Бемории сӯхтанӣ аз ҳайвоноти хонагӣ ба одам мегузарад
Сурат: Asia-Plus

Омори гирифторӣ ба бемории сӯхтанӣ:

Соли 2023 — 80 ҳолат

Соли 2024 — 102 ҳолат

Соли 2025 (то 1 июл) — 41 ҳолат.

Бемории сӯхтанӣ чист?

Ин як бемории вазнини сироятист, ки бо таъсири бактерияҳои Bacillus anthracis хуруҷ мекунад. Одатан ин бактерияҳо дар хок зиндагӣ дошта, ҳам ҳайвоноти хонагӣ ва ҳам ваҳширо сироят мекунанд. Дар инсон беморӣ метавонад дар се шакл зуҳур ёбад: дар пӯст, меъдаю рӯда ва шуш. Ин беморӣ аз инсон ба инсон намегузарад.

Сироят тариқи воситаҳои зерин сурат мегирад: тамос (алоқа) бо ҳайвони бемор ё маводи ихроҷоти он, истеъмоли гӯште, ки коркарди кофии гармиро нагузаронидааст.

Донистан муҳим аст, ки ҳатто гӯшти ҷӯшондашуда дар ҳарорати 100 дараҷа метавонад хатарнок бошад. Гӯшт танҳо вақте бехатар ҳисобида мешавад, ки хуб бирён шуда, дарунаш комилан пухта бошад ва маркази гӯшт ранги гулобӣ надошта бошад.

Чӣ гуна сӯхтаниро муайян кардан имкон дорад?

Шакли маъмултарини ин беморӣ дар инсон — шакли он дар пӯст аст. Аломатҳо: пайдоиши хориш; варам ё ҳубобчаҳо дар пӯст; зуд ба вуҷуд омадани захми дардноке бо маркази сиёҳ, ки бештар рӯй, гардан ва дастҳо осеб мебинанд.

Чӣ гуна метавон худро эмин нигоҳ дошт?

Гӯштро танҳо дар ҷойҳои санҷидашуда: мағозаву бозор бо назорати байторӣ, ки дар онҳо маҳсулот аз ташхиси беҳдоштӣ (санитарӣ) мегузарад, харидорӣ кунед.

Гӯштро аз даст, мошинҳо ва гӯшаву канораҳои роҳ нахаред, зеро чунин маҳсулот метавонад барои ҳаёт хатарнок бошад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.