Китоби барои мусалмонон муқаддаси Қуръон ва Ҳадисҳои пайғамбар Муҳаммад (с) бори нахуст бо забони русӣ дар шакли барномаҳо барои смартфон, паланшет ва дигар воситаҳои мобилӣ бо имкони ҷустуҷӯ ва пахши садо нашр шуданд, ки ин барномаро метавон аз мағозаи интернетии Google Play ба воситаҳои худ насб намуд.
Барномаи «Қуръони муқаддас ва Ҳадисҳои Пайғамбар» аз тарҷумаи русии Қуръон ва Ҳадисҳо бо шарҳу тафсир ба он ва матни аслии арабӣ иборат буда, дар барнома ҳамчунин имкони ҷустуҷӯ бо матни Қуръону Ҳадисҳо ва шарҳу тафсир ба он бо назардошти қоидаҳои сарфу наҳви забонуи русӣ роҳандозӣ шудааст.
Қибла-компасе, ки дар барнома ҷой дорад, ба дуруст дарёфтани самти адои намоз дар ҳама макони будубош имкон медиҳад. Барномаи «Қуръони муқаддас ва Ҳадисҳои Пайғамбар» бо фармоиш ва дастгирии фонди “Русский мир” дар доираи лоиҳаҳои мақсадноки “Время говорить по-русски” (Замони бо русӣ ҳарф задан фаро расидааст) таҳия ва роҳандозӣ шудааст.


