Барномаи ҳамарӯзаи иттилоотии «Навид»-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон - «Сафина» ба дарёфти ҷоизаи Фестивали VI байнулмилалии «ТЭФИ-Содружество» дар Ереван ноил гардид.
Ҷашнвораи «ТЭФИ-Содружество» бори шашум таҳти унвони «Хабарҳо - касби мо» гузаронида мешавад, ки натанҳо майдони намоиши маҳорати касбии журналистони телевизионҳои як қатор кишварҳои ИДМ, Гурҷистон ва кишварҳои Балтия гардид, балки ҳамчунин ба як майдони табодули таҷриба ва ибрози андешаву афкор оид ба масоили рӯхмарраи ин соҳа табдил ёфт.
Дар фестивал ҳудуди 90 барномаҳои 40 шабакаҳои телевизионии 12 кишвари узви ИДМ ва давлатҳои хориҷи наздик пешниҳод шуданд. Ба ҷуз шабакаи телевизиони «Сафина», боз аксари барномаҳои шабакаҳои телевизиони кишварҳои дигар низ бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд.
Тоҷикистонро дар фестивал ёвари директори шабакаи телевизиони «Сафина» Дилшод Ашӯров ва муовини аввали директори шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» Умед Назарзода намояндагӣ карданд, ки барномаҳои иттилоотии шабакаҳои худро ба ҳакамон пешкаш намуданд.
Ҳамчунин Саида Ҷумъаева, муовини сардори Раёсати умури байнулмилалии Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ва роҳбари хадамоти русии барномаҳои иттилотти Кумита Ҳайдар Каримов дар фестивал навори видеоӣ дар бораи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро намоиш доданд.



