Шоми имрӯз обуҳавои Тоҷикистон якбора сард мешавад.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносони ҷумҳурӣ, шаби 13 ба 14 октябр боридани борон ва баъзан боришоти шадид дар назар аст. Дар кӯҳҳо дар баландии зиёда аз 2000 метр барф меборад.

Суръати вазиши шамол то 17-22 метр дар як сония афзуда, рӯзи 14 октябр ҳарорат то 6-7 дараҷа поин меравад. Дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ селфароӣ аз эҳтимол дур нест.

Чунин обуҳавои номусоид ба рафти корҳои кишоварзӣ, чаронидани чорво дар чарогоҳҳо ва ҳаракати нақлиёт мушкил эҷод карда метавонад.

Дар ноҳияҳои минтақаи ҷануби кишвар ҳарорат рӯзона - то 27 дараҷа, дар вилояти Суғд - 18-23 дараҷа ва дар ноҳияҳои тобеи марказ - 21-26 дараҷа гарм мешавад.

Дар минтақаи ғарби ВМКБ ҳарорат 15-20 дараҷа ва дар шарқи он - 4-9 дараҷа гарм мешавад. Дар пойтахти кишвар гармии обуҳаво то 25 дараҷа дар назар аст.