Ҳафтаи гузашта Раёсати Хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки назорати истифодаи балонҳои газӣ дар манзилҳои баландошёна пурзӯр карда мешавад.

Зикр гардида буд, ки барои истифодаи нодурусти балонҳои газӣ сокинони пойтахт ҷаримабандӣ мешаванд, вале дар Хадамоти оташнишонӣ ва ВКД, ки ин ниҳод тобеъи ин вазорат аст, шарҳ дода натавонистанд, ки барои кадом ҳолатҳои риоя нашудани истифодаи балонҳои газӣ ҷарима пешбинӣ шудааст.

Мо дар шабакаи интернет қоидаҳои истифодаи балонҳои газиро пайдо намуда, бо мақсади огаҳӣ доштанӣ сокинони пойтахт аз он инфографикае тартиб додем, ки манзуратон мешавад.