«Открытая Азия Онлайн» пешгӯии обуҳаво дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказиро пайгирӣ намуд.

Дар ин кишварҳо барф хеле кам меборад. Моҳи декабри соли 2015 дар шаҳри Душанбе барфи зиёд борида буд, ки навори видеоии он лаҳзаҳоро ҳама бо хушнудӣ то ҳанӯз тамошо мекунанд.

Тайи чанд соли ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ баҳсҳои пурҷӯшу хурӯш сурат мегиранд. Ҷонибдорони ҷашнгирӣ зиёданду вале мухолифони он ҳам кам нестанд. Мухолифон бештар ба он такя мекунанд, ки дар кишвар буҳрон ҳукфармосту хароҷоти беҳуда зиёд мешавад.

Хушбахтона, дар Тоҷикистон аз ҷашн гирифтани Соли нави мелодӣ даст накашиданд. Имсол ҳарчанд барф набошад ҳам, дар кӯчаҳои Душанбе бо Бобои Барфӣ дучор метавон шуд.

Бобои Барфӣ дар Душанбе
Галим Фахсутдинова барои Informburo.kz

Мувофиқи пешгӯии обуҳавошиносон, рӯзи 31 декабр дар шаҳри Душанбе обуҳавои бебориш пешбинӣ шуда, ҳарорат 13 дараҷа гарм мешавад. Шабона низ ҳаво 8 дараҷа гарм шуда, борон меборад. Рӯзи аввали соли 2017 низ баъзан борони борида, ҳарорат гарм хоҳад шуд.