Сарояндаи маъруфи ӯзбекистонӣ Юлдуз Усмонова имрӯз соати 11:00 ба идораи радиои «Азия-Плюс» меояд. Дар Тоҷикистон бори охирин Юлдуз Усмонова соли 2009 ҳунарнамоӣ карда буд.

Ду консерти Юлдуз Усмонова рӯзҳои 24-25 май дар Амфитеатри Душанбе доир мегарданд. Дар барномаи консертӣ суруди нави Юлдуз бо номи «Ошно» пешкаши тамошобинон мегардад.

Барномаи консертии Юлдуз ҳамчунин боз аз чандин дигар сурудҳои нави тоҷикӣ иборат аст, ки ба шеърҳои шоири тоҷик Орзу Исоев оҳанг баста шудаанд.