Имкони ба зеботарин табассуми сайёра соҳиб шудани тоҷикдухтар
10:24, 7 июл, 2017Муаллиф: Asia-Plus
Садорат Маматқулова дар озмуни байнулмилалии интернетии “Табассуми Дунё 2017” иштирок мекунад.
Чанде қабл дар саросари ҷаҳон таҳти унвони “Табассуми Дунё 2017” (Smile of Universe) озмуни байнулмилалии интернетӣ роҳандозӣ шуда, дар он танҳо ба зебогии табассум баҳогузорӣ мешавад. Ҷоизаи асосӣ барои зинаи аввал 2 ҳазор доллар муқаррар шудааст.
Продюсери генералии озмуни Smile of Universe Леонид Хромов ҳадафи аслии баргузории озмунро таблиғи сулҳу ҳаёти осоишта дар ҷаҳон унвон карда, изҳор намудааст, ки “ахиран ҷаҳонро энергияи манфӣ - ҷангу фалокат ва ғайра ҳамаҷониба фаро гирифта, бештар табассум мебояд кард, зеро табассум хуб аст”.
Садорат Маматқулова яке аз аввалин иштирокчиёни даври чаҳорякфиналии озмуни байнулмилалии зебоии “Табассуми Дунё 2017” мебошад
Маълумотнома дар бораи Садорат Маматқулова, зодаи шаҳри Гулистон (собиқ Чкаловск) дар инҷост ва шахсоне, ки ба пирӯзӣ арзанда будани ӯро маъқул мешуморанд, метавонанд ба ҷонибдории ӯ овоз диҳанд.
Дар озмуни мазкур духтарону занони синни аз 18-сола боло иштирок карда метавонанд. Доир ба қаду баст, вазн ва вазъи оилавӣ ҳеҷ шарте вуҷуд надорад.
Дигар духтарон аз Тоҷикистон низ имкон доранд, ки ба марҳилаи чаҳорякфиналии озмуни байнулмилалӣ роҳ ёбанд.
Маълумотнома (анкета)-ҳо ҷиҳати иштирок дар озмун аз кишварҳои узви ИДМ то охири моҳи равон қабул карда мешаванд. Бо ин суроға пур кардану ирсоли маълумотнома ва иштирок дар озмун имкопазир аст.
Additional uncaught exception thrown while handling exception.
Original
PDOException: SQLSTATE[57P01]: Admin shutdown: 7 FATAL: terminating connection due to administrator command
CONTEXT: PL/pgSQL function api.node_translations(bigint) line 4 at RETURN QUERY
SSL connection has been closed unexpectedly: select p_nid,p_language from api.node_translations(:nid); Array
(
[:nid] => 241846
)
in ap_utils_get_translations() (line 630 of /var/www/asia-dev/sites/all/modules/asiaplus/asiaplus_utils/asiaplus_utils.module).
Additional
PDOException: SQLSTATE[HY000]: General error: 7 no connection to the server: SELECT column_name, data_type, column_default FROM information_schema.columns WHERE table_schema = :schema AND table_name = :table AND (data_type = 'bytea' OR (numeric_precision IS NOT NULL AND column_default LIKE :default)); Array
(
[:schema] => public
[:table] => watchdog
[:default] => %nextval%
)
in dblog_watchdog() (line 163 of /var/www/asia-dev/modules/dblog/dblog.module).