Аз 5 то 11 сентябр дар шаҳри Қазони Русия Фестивали XIII байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон доир мегардад.

Бино ба маълумоти кумитаи тадорукоти фестивал, дар барнома намоиши 60 филм аз намояндагони 27 кишвари саросари дунё ба нақша гирифта шудааст.

Ду филми коргардонҳои тоҷик - “Мушкилкушо”-и Умедшо Мирзоширинов ва “Комил”(Камиль)-и Сафарбек Солиев низ дар барномаи фестивал зикр ёфтааст.

Навор аз филми “Мушкилкушо”

Филми “Мушкилкушо” дар номинатсияи “Филмҳои мукаммали ҳунарӣ” (Полнометражные игровые фильмы) ва филми “Комил”(Камиль) дар номинатсияи “Филмҳои мукаммали мустанад” (Полнометражные документальные фильмы) ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Комил Ёрматов

Фестивали байнулмилалии кинои мусалмонии Қазон аз соли 2005 доир гардида, қаблан то соли 2010 “Минбари тиллоӣ” номида мешуд. Фестивал мудом таҳти шиори” Тавассути муколамаи фарҳангҳо - ба фарҳанги муколама” баргузор мешавад.

Муассисони фестивал - Вазорати фарҳанги Тотористон, мақомоти шаҳрдории Қазон ва Шӯрои муфтиёти Русия буда, бо дастгирии Президенти Тотористон баргузор мешавад.