Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, Бохтар ном гирифтани Қӯрғонтеппа ҳанӯз тасмими ниҳоӣ нест.

Бино ба иттилои хабаргузории “Озодагон”, Шарофзода дар ин робита изҳор намудааст, ки дар масъалаи Бохтар ном гирифтани шаҳри Қӯрғонтеппа феълан гуруҳи корӣ фаъолият дорад.

Ӯ зикр кардааст, ки гурӯҳи корӣ то ҳол хулосаи аниқ надода, Кумита хулосаи ин гурӯҳи иборат аз олимони зиёдро мунтазир аст.

Ёдрас мекунем, ки чанде қабл мақомоти шаҳрдории маркази маъмурии вилояти Хатлон пешниҳод кард, ки шаҳри Қӯрғонтеппа ба - шаҳри Бохтар ва шаҳри Сарбанд (замони шӯравӣ - Калининобод) ба - шаҳри Леваканд табдили ном кунанд.

Тавре як манбаи “Азия-Плюс” дар палатаи болоии парлумон дар ин робита иттилоъ дода буд, дар сурати қабули пешниҳод, он аз ҷониби ҳукумат мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба баррасии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ фиристода мешавад.