Бо даъвати Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва сафорати Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб (АМА) ҳайати сайёҳони ин кишвар аз минтақаҳои сайёҳии ҷумҳурӣ боздид карданд.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳии ҷумҳурӣ хабар доданд, онҳо аз дараи Варзобу Ромит, Қалъаи Ҳисор, аз бозори «Меҳргон» дар Душанбе ва Осорхонаи миллии кишвар боздид намуданд.

Ба иттилои манбаъ, роҳбари Академияи дипломатии Дубай Комил ал-Муайнӣ, нависанда Носир аз-Заҳирӣ, роҳбари нашриёти «Ясамин» Марям аш-Шиносӣ, сардори департаменти фарҳанги шаҳри Шарҷа Фотима ан-Нақбӣ аз сафар ба Тоҷикистон таассуроти хеле хуб бардоштанд.

«Аз ҳама бештар онҳо ба маснӯоти ҳунарҳои мардумии Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Ба меҳмонон кӯрпачаҳо аз пахтаи дӯхташуда бо дастони ҳунармандони мардумӣ хеле писанд омаданд», - қайд карданд дар Кумита.

Зимнан зикр гардид, ки меҳмонон аз табиати афсункори Тоҷикистон ба ваҷд омада, аз меваҳои хушлаззати он низ баҳра бардоштанд.

«Меҳмонон ба ҷалби сайёҳон аз кишварҳои арабӣ ба Тоҷикистон мароқ зоҳир намуда, ба онҳо бештар кӯҳнавардӣ, сайёҳии муолиҷавӣ, саёҳат дар макони таърихӣ ва фарҳангӣ шавқовар буд», - хабар доданд дар Кумита.

Бино ба маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, семоҳаи аввали соли 2018 беш аз 600 нафар сайёҳон аз АМА ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 8 баробар зиёдтар аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.