Волидони хонандагони мактаби таҳсилоти умумии №8-и шаҳри Душанбе ба идораи “Азия-Плюс” муроҷиат намуда, изҳор доштанд, ки онҳо аз мактаби мазкурро тарк гуфтани омӯзгорони фанҳо нигаронанд.

Директори мактаби мазкур Парвина Меликова дар ин робита изҳор намуд, ки ду омӯзгор бо сабаби ба Русия кӯчидан ва як муаллим бинобар вазъи солимиаш мактабро тарк кардаанд.

Ба гуфтаи ӯ, дар мактаби №8 айни замон 3500 нафар хонандагон таълим мегиранд, ки 105 нафар омӯзгорон ба таълиму тадриси онҳо машғуланд ва дар мактаб норасии омӯзгорон ҷой надорад.

Дар Раёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд, ки аз ин вазъ огаҳӣ дошта, дарвоқеъ дар мактаби №8 танҳо ду омӯзгор намерасад, зеро муаллимаи фанни математика то 5 сентябр дар рухсатӣ буда, омӯзгори ҷавони фанни филологияи рус имрӯз аз онҳо роҳхат мегирад ва аз пагоҳ ба кор мебарояд.

Зимнан зикр гардид, ки соли нави хониш ҳамаи мактабҳои шаҳри Душанбе бо омӯзгорон таъмин буда, танҳо дар чанде аз мактабҳои русӣ муаллимони фанҳои кимиё, физика, математика, ҷуғрофия ва технологияҳои иттилоотӣ намерасанд.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Душанбе 144 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ фаъолият дошта, дар онҳо 8 ҳазору 508 нафар омӯзгорон та таълиму тадриси толибилмон машғуланд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.