Ба гуфтаи корбарони шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон, суръати интернети мобилӣ пас аз бекор шудани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дар бораи боло бурдани арзиши интернет паст шуда, “ин амал шояд қасосгирӣ барои бекор шудани фармоиш бошад”.

Дигар корбарон изҳор мекунанд, ки натанҳо суръати интернет, балки дар маҷмӯъ сифати алоқаи мобилӣ бад шуда, дар нуқтаҳои гуногуни шаҳр қабули он гуногун аст.

Ронандагони хадамоти такси низ аз пастшавии суръати интернет шикоят дошта, изҳор мекунанд, ки бо ин сабаб саривақт ба мизоҷонашон хизматрасонӣ карда наметавонанд.

Охири моҳи январ Хадамоти алоқаи Тоҷикистон ваъда дода буд, ки бо оғози фасли баҳор интернет дар ҷумҳурӣ арзонтар шуда, ҳаҷми хати гузариш (пропускной канал) то 50 Гигабит дар як сония меафзояд.

VPN гунаҳкор аст

Ширкатҳои мобилӣ итминон медиҳанд, ки дар суръати интернет ҳеҷ тағйире сурат нагирифта, сифати алоқа бар асари бозсозии тарифҳо бад шудааст.


“Мо ҳамон интернетро харидориву тақсим мекунем, дар суръати интернет ҳеҷ тағйире нест. Доир ба ноқисиҳо дар зангҳои овозӣ гуфта метавонам, ки шояд онҳо ба амалиётҳои баргардонидани тарифҳои пешина вобаста бошанд”, - гуфт манбаъ дар яке аз ширкатҳои мобилӣ.

Бино ба қавли манбаъ, суръати интернет ҳангоми истифодаи анонимайзерҳо (қулфшиканҳо) ё тавре мегӯянд, VPN поин меравад.

Дар дигар ширкати мобилӣ поинравии суръати интернетро тасдиқ намуда, зикр карданд, ки суръати интернет барои он паст мешавад, ки ҳама акнун ба истифодаи VPN гузаштаанд.

“Пас аз бекор шудани фармоиши Хадамоти зиддиинҳисорӣ дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаҳои хабаргузориҳо, ҳамчунин баъзе замимаҳову сервисҳои Google қатъ шуд. Яъне бе VPN аз интернет истифода бурдан маъное надорад. Ҳама маҷбур ба истифодаи анонимайзерҳо гузашта, аз ин рӯ, суръати интернети морбилӣ поин рафт”, - қайд кард манбаъ.

Дар Хадамоти алоқа аз шарҳи мушкили бад шудани суръати интернет худдорӣ варзида, бо Маркази ягонаи коммутатсионӣ низ тамос гирифтан муяссар нашуд.

Чанде пеш муовини сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Илҳом Атоев ба “Азия-Плюс” дар ин робита иттилоъ дода буд, ки дастрасӣ ба ин сервисҳо аз берун (хориҷа) қатъ мешавад. “Мо ин сервисҳоро намебандем, бо сабабҳои техникӣ дар берун аз Тоҷикистон онҳо дастнорасанд. Гурӯҳи мутахассисон ин масъаларо меомӯзанд”, - изҳор дошта буд Атоев.

Аз додани маълумот дар бораи дигар ҷузъиёти ин масъала ва шарҳи сабабҳои бастани шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомонаи хабаргузориҳо ӯ худдорӣ варзида буд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.