Имсол аз замони таъсиси нашрияи ҷумҳуриявии ҷамъиятӣ-сиёсии Ӯзбекистон “Овози тоҷик” расо 95 сол пур мешавад. Рӯзнома айни замон дучори мушкилоти молиявӣ шудааст. Дар кишвари дигар шояд чунин ҳолат боиси қатъи чоп мешуд, аммо барои идомаи нашри он давлат кумак мерасонад.

Муассиси ин нашрияи қадимтарини тоҷикзабон Садриддин Айнӣ буд. Он дар замони шӯравӣ яке аз рӯзномаҳои серхонандаи мақомоти Кумитаи марказии Ҳизби коммунисти ҶШС Ӯзбекистон ба шумор мерафт ва теъдоди чопаш ба 35 ҳазор нусха мерасид.

“Айни замон теъдоди рӯзнома ҳамагӣ 2 ҳазор нусхаро ташкил медиҳад. Азбаски дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон обунаи маҷбурӣ аз байн бардошта шуд, теъдоди нашр поин рафт. Умед дорем, ки тоҷикони бонангу номус рӯзномаи худро, ки ба забони тоҷикӣ чоп мешавад, дастгирӣ мекунанд”, - мегӯяд сардабири “Овози тоҷик” Шерпӯлод Вакилов.

Ин рӯзномаро асосан тоҷикони Самарқанду Бухоро мутолиа мекунанд. Барои дастгирии қадимтарин рӯзномаи тоҷикзабон ҳукумати кишвари ҳамсоя чӣ тадбирҳо меандешад?

Гузориши видеоӣ дар доираи боздиди расонаии Мактаби мустақили рӯзноманигории “Тоҷикистон – асри XXI” ба Ӯзбекистон таҳия шудааст.

Гузориши пешин дар доираи лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) бо суроғаи зерин қобили дарёфт аст.

Шарики лоиҳаи “Салом соседи!” (Салом ҳамсояҳо) КВД “Ширкати алюминии тоҷик” (ТАЛКО) мебошад. ТАЛКО корхонаи бузурги саноатии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки дар сафҳои аввали истеҳсолкунандагони алюминий дар саросари ҷаҳон қарор дорад. Имрӯз саҳми ширкат дар чунин бахшҳои иқтисоди Тоҷикистон, ба мисли саноати кӯҳкорӣ ва кимиё низ назаррас аст. Ҳамчунин ТАЛКО рушди яке аз самтҳои нав дар иқтисоди Тоҷикистон – энергетикӣ-металлургиро низ ҳадаф қарор додааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.