Дар корхонаи “Талко Кабел” маълумотро оид ба муовини директори генералӣ таъин шудани писари хурдии раиҷумҳур Сомони Эмомалии 21-сола рад карданд.

“Ин овоза то ба мо ҳам расид, аммо асоси воқеӣ надорад. Ӯ натанҳо муовини директори генералӣ таъин нашудааст, балки умуман дар корхонаи мо кор намекунад”, - хабар доданд аз шуъбаи идоракунии ҳайати шахсии ҶДММ “Талко Кабел”.

Дар ин шуъба зикр карданд, ки муовини директори генералӣ Ҳалимшо Аҳмадов буда, ҳоло ҳам дар ин вазифа кор мекунад.

"Талко Кабел" (Talco Cable Industries – ҶДММ «Ноқили Талко») – корхонаи истеҳсоли ноқилҳо воқеъ дар Душанбе аст. Он номгӯйи васеи маҳсулоти ноқилу сим истеҳсол мекунад. Корхона аз ҷониби Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) сохта шудааст.

Қаблан торнамои мустақили “Ахбор” иттилоъ дод, ки писари хурдии президент билофосила баъди хатми донишгоҳ муовини директори генералии корхонаи “Талко Кабел” таъин шудааст.

“Сомони Эмомалӣ, писари хурдии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инак се моҳ боз дар ин корхона ба ҳайси муовини директор фаъолият дорад. Аслан Сомон ба хотири омӯзиши кор ба ин корхона равон карда шудааст”, - омадааст дар хабари торнамои “Ахбор”.

Дар ин матлаб ҳамчунин гуфта мешавад, Сомони Эмомалӣ ба Вазорати руди иқтисод ва савдои Тоҷикистон низ “ба хотири андӯхтани таҷриба рафта меояд, вале ҳарчанд ҳамеша дар инҷо дида мешавад, расман фаъолият намекунад”.

Дар бораи Сомонӣ Эмомалӣ чӣ маълум аст?

Дар бораи писари хурдии Эмомалӣ Раҳмон маълумоти кам дастрас аст. Соли 2012 Сомон ҳангоми таҳсил дар синфи ҳафтуми Мактаби байнулмилалии Душанбе соҳиби медали тилло дар Озмуни байнулмилалии тарроҳии фановариҳои нав дар шаҳри Бухарест, пойтахти Руминия гардида буд.

Он замон ӯ ва толибилми дигар Исрофил Исмоилов як луғати электронӣ ба 4 забон – тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ тарроҳӣ карданд.

Соли 2015 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ хонандаи синфи 10-уми Мактаби байнулмилалии Душанберо боздошт намуд, ки худро писари раисҷумҳур муаррифӣ карда, аз одамон пули зиёд гирифтаву ба мансабдорон супоришҳои ғайриқонунӣ додааст.

Аксҳои Сомони Эмомалиро хадамоти матбуоти сарвари давлат бори нахуст моҳи марти соли 2017 нашр кард, ки ҳамроҳи падараш Эмомалӣ Раҳмон ва бародараш Рустами Эмомалӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок доштанд.

Эмомалӣ Раҳмон соҳиби 7 духтару 2 писар аст. Духтари дуюмаш – Озода Раҳмон роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ буда, писари калониаш – Рустами Эмомалӣ раиси шаҳри Душанбе мебошад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.