Имрӯз, 25-уми ноябр Киноҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” оғоз мешавад. Маросими ифтитоҳи он соати 18:30 дар меҳмонхонаи Hyatt Regency Dushanbe доир мегардад.

Муддати 6 рӯз дар ин ҷашнвора филмҳои тоҷикие, ки солҳои гуногун дар заминаи киностудияи “Тоҷикфилм” наворбардорӣ шудааст, намоиш дода мешавад. Рӯзи охир, 1-уми декабр ба ғолибон диплом ва ҷоизаҳоро месупоранд.

“Лолаи тиллоӣ” лоиҳаи озмоишии маркази фарҳанги “Бактрия” дар соҳаи кинематография дар Тоҷикистон мебошад, ки аз ҷониби сафорати Фаронса дар Тоҷикистон ва киностудияи давлатии “Тоҷикфилм” дастгирӣ ёфт.

Ҷашнвораи миллии “Лолаи тиллоӣ” имсол нахустин бор дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, ҳадафи он ҳавасманд гардонидани беҳтарин намунаҳои синамои тоҷик ва тарғиби онҳо дар дохилу хориҷи кишвар мебошад.

Дар доираи кори ҷашнвора синамогарони тоҷик лоиҳаҳои нави худро ба продюсерони хориҷӣ муаррифӣ карда метавонанд. Ба ин васила онҳо метавонанд дар ҳамдастӣ филм таҳия карда, онро берун аз ҳудуди кишвар пешбарӣ кунанд.

Намоиши филмҳо имрӯз соати 11:00 оғоз шуд.

Барномаи филмҳо дар доираи Ҷоизаи Миллии «Лолаи Тиллоӣ».

КИНОТЕАТРИ «ВАТАН»:

25.11.2019 соати 11:00

«Стрим» (2018, 18 дақ.) Коргардон: Фирӯз Ҳасанов, Фирдавс Ҳасанов.

«Умар ако» (2019, 30 дақ.) Коргардон: Далер Имомалӣ.

26.11.2019 соати 11:00

«Хонаи кӯҳна» (2018, 11 дақ.) Коргардон: Зарина Хоҷимуродова, Олеся Соина.

«Ҳаворӣ 2019» (2018, 29 дақ.) Коргардон: Шоҳҷамшед Умарӣ.

27.11.2019 соати 11:00

«Некӣ» (2018, 12 дақ.) Коргардон: Муҳаммадрабӣ Исмоилов.

«Дуғоб» (2018, 35 дақ.) Коргардон: Зайнолобуддин Мусо.

28.11.2019 соати 11:00

«Хонаи меҳр» (2018, 10 дақ.) Коргардон: Бобоҷон Муҳтоҷиён.

«Аз баландии парвоз» (2019, 28 дақ.) Коргардон: Акмал Восидӣ.

29.11.2019 соати 11:00

«Дунё» (2018, 6 дақ.) Коргардон: Одина Маҳмад

«Хеле ҳам одами эҳтиёткор» (2018, 37 дақ.) Коргардон: Ҳусейн Азизов.

30.11.2019 соати 11:00

«Чарху фалак» (2018, 15дақ.) Коргардон: Беҳрӯз Давлатбеков.

«Пудина» (2018, 13 дақ.) Коргардон: Таҳмина Ҳакимова.

«Проектор» (2018, 13 дақ.) Коргардон: Муҳаммадрабӣ Исмоилов.

30.11.2019 соати 15:00

«Рақси зиндагӣ» (2018) Коргардон: Муҳаббат Сатторӣ.

1.12.2019 в 11:00

«Ганҷ» (2018, 25 дақ.) Коргардон: Меҳрубон Маликов.

«Инъикос» (2018, 12 дақ) Коргардон: Рустамов Ҷумъа.

«Умед» (2018) Коргардон: Дилошӯб Орифзода.

Даромад ба ҳамаи намошҳо ройгон.

***

Барномаи филмхо дар доираи Панорамаи синамои тоҷик.

Меҳмонхонаи ХАЯТТ. Маросими кушодашавӣ (намоишҳои пӯшида).

25.11.2019 соати 18:00

«Падари маҳтобӣ» (1999) Коргардон: Бахтиёр Худоназаров.

Даромад танҳо бо даъват.

Киностудияи «ТОҶИКФИЛМ»:

26.11.2019 соати 18:00

«Сафари ҳавоӣ» (2018) Коргардон: Далер Раҳматов.

27.11.2019 соати 18:00

«Духтарон аз Суғдиён» (1987) Коргардон: Муқаддас Маҳмудов.

28.11.2019 соати 18:00

«Қисмати шоир» (1959) Коргародон: Борис Кимёгаров.

29.11.2019 соати 18:00

«Дуздидани 7 домод» (1976) Коргардон: Суват Ҳамидов.

30.11.2019 соати 18:00

«Марги судхӯр» (1966) Коргардон: Тоҳир Собиров.

1.12.2019 соати 18:00

«Қиёми рӯз» (2009) Коргардон: Носир Саидов.

Даромад ба ҳамаи намошҳо ройгон.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.