Дар қароргоҳи ЮНЕСКО (Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг) дар шаҳри Порис рӯзи 21-уми январ маросими тақдими ҷоизаҳо ба иштирокчиёни намоиши байнулмилалии мӯди Oriental Fashion Show Paris 2020 доир гардид.

Ба ҳамаи иштирокчиёни намоиш, аз ҷумла, тарроҳи либос аз Тоҷикистон Нафиса Имронова мукофотҳо тақдим шуданд. Намояндаи Тоҷикистон барои тарроҳиии ороишот, навгониҳо ва технология дар сӯзанӣ ва зардӯзӣ бо мукофот қадрдонӣ гардид.


Тоҳир Иброҳимов – муассиси Ҳафтаи миллии мӯди Tajikistan Fashion Week низ барои саҳмгузорӣ дар санъати мӯд, ҳамкорӣ бо ҷаҳони мӯди Аврупо, инчунин роҳандозии лоиҳаи Tajikistan Fashion Week ба гирифтани мукофот шарафёб гардид.

Тоҳир Иброҳимов ва Нафиса Имронова

Дар ҳамин ҳол, Тоҳир Иброҳимов хабар дод, ки намунаи либосҳо аз маҷмӯаи “Наврӯз”-и Нафиса ба тамошогарони намоиш чунон писанд омад, ки нисфи онро аллакай харидаанд.

“Аз 6 сарулибоси маҷмӯаи “Наврӯз” 3-тоашро бо нархи хеле хуб хариданд ва ин маънои онро дорад, ки фарҳанги тоҷиконро ҷомеаи аврупоӣ ба таври шоиста арзёбӣ карда, таваҷҷуҳаш ба тарроҳони мо зиёд мешавад ва вазифаи асосии мо низ ҳамин аст”, - иброз дошт Иброҳимов.


Маросими намоиши байнулмилалии мӯди Oriental Fashion Show Paris 2020 рӯзҳои 19-20 январ дар Порис баргузор шуда, Нафиса Имронова дар қатори 35 нафар намояндагон аз кишварҳои Аврупо, Осиё, Миср, Алҷазоир, Дубай ва Марокаш сарулибос аз маҷмӯаи “Наврӯз”-и худро ба маърази тамошо гузошт.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.