Дар Анҷумани XV ғайринавбатии Иттифоқи композиторони Тоҷикистон оҳангсози маъруфи тоҷик, арбоби ҳунари ҷумҳурӣ Амирбек Мӯсоев раиси Иттифоқ интихоб шуд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати фарҳанги ҶТ, ӯ дар ин вазифа Хуршед Низомовро, ки аз моҳи апрели соли 2017 роҳбарии ин ниҳоди эҷодиро ба зимма дошт, иваз кард.

Хуршед Низомов чанде пеш ба вазифаи Директори Маъмурияти гурӯҳҳои ҳунарии Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон таъин шуд.

Гуфта мешавад, вакилони Анҷуман бобати ташаккули раванди неруи эҷодӣ, дарёфти чеҳраҳои нави санъати композиторӣ, рушди санъати мусиқии касбии тоҷик, ғанӣ гардонидани фазои фарҳангӣ ва фаъол кардани тафаккури бадеии аҳли ҷомеа, инчунин тавсеаи минбаъдаи фаъолияти аъзои Иттифоқи композиторони Тоҷикистон қарори дахлдор қабул намуданд.

Вакилони Анҷуман қайд карданд, ки имрӯз масъалаҳои ҳифз ва рушди санъати миллӣ, дастгирии шаклҳои гуногуни мусиқии касбӣ, аз ҷумла, эҷодиёти композиторону мусиқишиносон ва ҳунармандон, инчунин омодасозии кадрҳо зери таваҷҷуҳи хосаи сарвари давлат ва ҳукумати кишвар қарор доранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.