Раҳбарияти бозори яклухтфурӯшии “Корвон” барои ҳар як метри мураббаи нуқтаи фурӯш аз соҳибкорон 1,3 ҳазор долларӣ маблағ талаб кардааст. Дар ҳолати иҷро накардани он, тарки бозор талаб мешавад. Дар ин бора 200 нафар соҳибкорон шикоят кардаанд, ки дар қаламрави ин бозор бар асоси шартнома ба савдо машғуланд.

Ба гуфтаи намояндагони соҳибкорони сершумор, ки ба идораи газетаи “Азия-Плюс” муроҷиат карданд, аввали сол раҳбарияти бозор эълон кард, ки барои ҳар як метри мураббаъ аз соҳибкорон 1,5 ҳазор долларӣ маблағ ҷамъ мекунад ва ин ҳам ба ҷуз маблағи пардохти ҳармоҳаи иҷора.

Ин тасмими худро раҳбарияти бозор таъмир ва васеъ кардани қаламрави бозор маънидод кард. Лекин соҳибкорон изҳори норозигӣ карданд.

“Қариб ҳар сол раҳбарияти бозор чизе фикр карда мебарорад, то ки аз мо пул ҷамъ кунад”, - изҳори норозигӣ мекунанд онҳо.

Моҳи феврали соли равон намояндагони соҳибкорон ба маъмурияти бозор муроҷиат намуда, молики “Корвон” Нуршед Машрабов талаби онҳоро “қонеъ” ва нархро 200 доллар кам кардааст.

“Аз ин бештар кам карда наметавонам, зеро аз ман ҳам обод кардани бозорро талаб мекунанд”, - гуфтааст молики бозор.

Ҳалима, ки сарулибоси кӯдакона мефурӯшад, мегӯяд, мушкилотро мефаҳмад, “лекин ҳукумат низ бояд вазъи онҳоро фаҳмида, корҳои таъмиру навсозиро то беҳбуд ёфтани вазъ боздошта метавонист”.

“Савдо хуб нест, соҳибкорон захираҳояшонро мефурӯшанд, харидорон хеле каманд. Дар роибта ба коронавирус роҳҳо ба Чину Туркия ва Қирғизистону Ӯзбекистон бастаанд. Бор аз ҳамин кишварҳо оварда мешуд. Ғайр аз ин, ҳозир ҳар рӯз нархи маҳсулоти ғизоӣ боло меравад”, - мегӯяд ин зан.

Ба гуфтаи ӯ, чун онҳо яклухтфурӯшанд, молашонро чаканафурӯшон мехариданд, бисёр вақт бо қарз ва акнун онҳо қарзро баргардонида натавониста, ба мушкилоти пули нақд дучор шудаанд.

“Ба мо ваъда доданд, ки агар 5 ҳазору 200 доллар пардохт кунем, бино иҷора медиҳанд. Дар ҳамин ҳол, мо то сохтани нуқтаҳои фурӯш, бояд як сол кор накунем. Дар акси ҳол, дархост карданд, ки бозорро тарк кунем”,- гуфт фурӯшанда Умеда, ки 4 метри мураббаъ нуқтаи фурӯшро дар иҷора дорад.

Чанде қабл як гурӯҳи савдогарон боз ба Нуршед Машрабов, молики “Корвон муроҷиат карда, ӯ онҳоро қабул накардааст. Ба ҷойи ӯ яке аз ёваронаш ба соҳибкорон фаҳмонидааст, ки пулҳои онҳо ба “Корвон” маҳз дар ҳамин рӯзҳои буҳрон хеле заруранд.

“Чунки бобати ба мутобиқат овардани қаламрави бозор ба меъёрҳои санитарӣ-гигиенӣ корҳои ҷиддӣ ҷараён доранд. Маъмурияти бозор аз гирду атрофи бозор якчанд хона харид, то ки онҳоро кӯчонида, қаламравро васеъ кунад. Пулҳо барои ҳисоббаробарӣ бо соҳибони хонаҳо лозиманд, то ки онҳо дар кӯча намонанд”, - гуфтааст намояндаи бозор.

Тоҷирзане бо номи Фирӯза мегӯяд, бо “муаллима”, яъне директори бозори “Корвон” Ҳалима Мавлонова вохӯрда, ӯ гӯё изҳор доштааст, ки қарори аз соҳибкорон ҷамъ кардани пул қатъӣ буда, бознигарӣ намешавад, зеро “онҳо дар фикри некӯаҳволии мардуманд, на кисаи худашон”.

Тибқи маълумоти маъмурияти бозор, моликони мағоза ва хаймаҳои савдо айни замон барои ҳар як метри фурӯшгоҳ дар як моҳ 30 сомонӣ маблағ пардохт мекунанд ва таъмири бозор давра ба давра сурат мегирад.

Молики “Корвон” Нуршед Машрабов, писари собиқ раиси Кумитаи андози Тоҷикистон Хол Машрабов мебошад.

Қобили зикр аст, ки солҳои охир дар бозори “Корвон” 8 бор сӯхтори бузург рух дод. Дар сӯхтори охир, ки моҳи июли соли 2017 ба амал омад, нуқтаҳои фурӯши 300 нафар соҳибкорон зарар диданд. Зиёни умумӣ аз сӯхтор наздики 3,5 млн долларро ташкил дода, ба гуфтаи соҳибкорон, “ҳамаи зиён аз ҳисоби худи соҳибкорон барқарор карда шуд”.

Соҳибкорони бозори “Корвон” дархост доранд, ки корҳои таъмиру навсозӣ боздошта шавад, зеро онҳо ҳам ба як гунае рӯзгори худро пеш бурда тавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.