Кумаки ба Хуҷанд фиристода ба шарикони иқдоми “Азия-Плюс” - гурӯҳи ризокорон (ихтиёриён) аз вилояти Суғд - «Операция СИЗ Худжанд» (Амалиёти ВМИ Хуҷанд) мувофиқи таъинот истифода шуд.

Тавре ба Шумо - корбарони муҳтарами “Азия-Плюс”, ки ба ин иқдоми мубориза бо COVID-19  саҳм мегузоранд, қаблан хабар дода будем, пеш аз Иди Рамазон аз маблағи ҷамъоваришуда “Азия-Плюс” 5 ҳазор сомониашро ба шариконамон ба Хуҷанд фиристод.

Ҳисоботи онҳо ба мо расид.


Ихтиёриён воситаҳои муҳофизати инфиродӣ (ВМИ) харида, ба беморхонаҳои вилоят додаанд, аз ҷумла кумаки хонандагони “Азия-Плюс” ба беморхонаҳои Хуҷанд ва Гулистон дастрас шудааст.


Навиштаи шарикони суғдии мо:

“...Барои 5 ҳазор сомонӣ кумак ва дастгирӣ, ки аз ҳисоби маблағҳои иқдоми #asiaplus4tajikistan ба мо фиристода шуда, ба ин маърака фаъолтарин корбарони писандидатарин расонаи иттилоотӣ дар Тоҷикистон - Азия + ҳамовозӣ пайдо карданд, ба дастаи гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” самимона изҳори сипос мекунем”.

Сипос барои ҳамкорӣ «Операция СИЗ Худжанд»! Иқдоми мо - “Ба Тоҷикистон ҳамроҳ кумак мекунем!” идома дорад - то имрӯз дар суратҳисоби мо 53825,32 сомонӣ маблағ ҷамъоварӣ шудааст.

Суратҳисобҳои мо:

Ҳамёни Alif mobi: +992987203939

Суратҳисоб дар Alif Bank (корти миллӣ): 5058 2702 8051 0909

Тариқи сомона: www.intiqol.tj (ҳама гуна кортҳои Русия)

PayPal: [email protected]

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.