Хабарнигори “Азия-Плюс” Абдуллоҳ Ғурбатӣ айбдориашро ба ғайриқонунӣ ворид шудан ба манзил, дахолат ба ҳаёти шахсӣ  ва “дар аҳолӣ бедор кардани ҳисси норозигӣ” қатъиян рад мекунад. Телефоне, ки ӯ дар он ӯ ҳамлагарон ва автомашинаи онҳоро сабт карда буд, акнун кор намекунад...

ВКД Тоҷикистон субҳи 30 май фарзияи худро дар бораи ҳодисаи рухдода бо хабарнигор Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар ҷамоати Уялии ноҳияи Хуросон нашр кард. Ёдрас мекунем, ки 29 май хабарнигори “Азия-Плюс” вақте ки барои таҳияи гузориш дар бораи осебдидагон аз офати табиӣ ба ноҳияи Хуросон рафт, мавриди лату кӯб қарор гирифт.

Дар шарҳи ВКД қайд мешавад, ки “хабарнигори ҳафтаномаи «Азия Плюс» Абдуллоҳи Ғурбатӣ бархилофи хоҳиши сокинони ноҳияи Хуросон ба дахлнопазирии хаймаҳои зисти муваққатии онҳо эътибор надода, хост ворид шуда ҳамсару фарзандон, алалхусус ноболиғон, ки дар хаймаҳо буданд, ба навор гирифта гузориши «ҳангоманок» таҳия намояд”.

“Ӯ инчунин дар вуҷуди сокинони аз офати табиӣ зарардида ҳисси норозигиро ба давалту ҳукумат бедор карданӣ шуд. Чунин рафтори хабарнигор ба сокинон хуш наомад ва онҳо Абдуллоҳи Ғурбатиро аз хаймаҳои худ дур ронда, нагузоштанд шароити зисту зиндагии онҳоро халалдор ва расонаӣ намояд, - қайд мешавад дар хабари Вазорат.

Мувофиқи фарзияи ВКД, номбурда ба монеъ шудани сокинони нигоҳ накарда, бо дахолат кардан ба зиндагии шахсии онҳо ба наворбардорӣ машғул гардид, ки дар натиҷа миёни сокинон ва хабарнигор муноқиша ба вуҷуд омада, сабаби вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ гардид.

“Вобаста ба ин ҳодиса барои муайян намудани шахсони гунаҳкор корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад”, - гуфта мешавад дар маълумот.

Дар ҳамин ҳол, худи Абдуллоҳ ин айбҳоро қотеъона рад карда, мегӯяд, “ҳатто фурсат наёфтаааст, ки ба хаймаҳо наздик шуда, бо сокинони маҳаллӣ суҳбат кунад”.

Ба гуфтаи ӯ, дар масофаи 100-150 метр то хаймаҳо автомашинаи рақами 1680 АР 03 назди ӯ истода, аз он се нафар мардон мебароянд ва яке худро раиси маҳалла муаррифӣ намуда мегӯяд, ки барои таҳияи гузориш аз ӯ иҷоза гирифтан лозим аст.

“Дигар ҳамроҳи ӯ, ки худро “сокини маҳалла” гуфт, ба лату кӯби ман сар кард, то аз даҳонам хун рафтан зад. Ин ҳамаро зане бо кӯдакаш 50 метр дуртар аз ҷойи ҳодиса медид. Базӯр ба по хеста, ба мошин нишастан ва рафтани онҳоро сабт кардам”, - мегӯяд ӯ.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ қайд кард, ки бо нозири минтақавӣ соати 9:10 ба шуъбаи ВКД омада, дар он ҷо ҳамаи ҳуҷҷатҳоро тахт ва аризаашро қабул мекунанд.

“Ба онҳо сабтҳои телефонамро нишон дода, гуфтам, ки аз рӯйи он гунаҳкоронро ҷустуҷӯ кунанд, лекин муфаттиш телефонамро гирифта, гуфт ки бо телефон дар шуъба қарор доштан мумкин нест. Давоми рӯз тибқи нишондодҳои ман якчанд нафарро ба сифати гумонбар ба шуъба оварданд, лекин миёни онҳо шахсони маро латукӯбкарда набуданд”, - нақл мекунад хабарнигор.

Ба қавли хабарнигор, вақте соати 20:00 дар ҳузури коршинос аз Душанбе телефонро ба ӯ бармегардонанд, он аллакай корношоям (блокировка) шуда буд. Сипас ӯро ҳамроҳи корманди милитсия ба Душанбе фиристода, мегӯянд, ки пагоҳ барои шинохтани ҳамлагарон байни боздоштшудаҳо биёяд.

Субҳи рӯзи дигар вақте ӯ дар сомонаи ВКД фарзияи ҳодиса аз нигоҳи онҳоро мебинад, тасмим мегирад, ки ба ноҳия барнамегардад. Бо маслиҳати адвокат ӯ ба назди табиб рафта, дар бораи захму ҷароҳатҳояш хулосаи тиббӣ мегирад. Адвокат инчунин ба ӯ машварат додааст, ки мустақилона ба дубора соз кардани телефон кӯшиш накарда, онро ба ташхис супорад, то ки чӣ кор кардан бо он муайян шавад.

Ин ҳамлаи дуюм ба рӯзноманигори мо мебошад: шоми 11-уми май Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар назди хонааш аз ҷониби шахсони номаълуми ниқобпӯш латукӯб шуд.

Ба ин ҳодиса созмонҳои байнулмилалӣ ва сафорати ИМА дар Тоҷикистон вокуниш нишон дода, аз ҳукумат даъват карданд, ки гунаҳкорони ҳамла ба рӯзноманигор дарёфт ва муҷозот шаванд.

ВКД Тоҷикистон рӯзи 15-уми май аз рӯйи далели латукӯби хабарнигор мутобиқи моддаи 237, қ. 2, банди “б” (Авбошӣ)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Дар ин маводи мо тафсилоти ҳамлаи аввал ба Абдуллоҳ ва таҳдидҳои ба унвони ӯ ирсолшуда инъикос ёфтаанд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ аз соли гузашта дар “Азия-Плюс” ба фаъолият пардохта, қаблан бо Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард. Асосан ба таҳияи маводи видеоӣ машғул аст: аз ҷойи ҳодиса гузориш дода, ҳамчунин дар кӯчаҳо назарсанҷӣ мегузаронад. Чанде пеш дар лоиҳаи нави “Азия-Плюс” – “Навбатдор дар шаҳр” ба сифати ровӣ гузориши навбатӣ таҳия кард.

Аз идора

Идораи “Азия-Плюс” ба сатҳи касбияти кормандони милитсияи тоҷик шубҳа надошта, ба кумаку мусоидати ҳамаҷониба ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар тафтиши ин ҳодиса омода аст. Лекин ба мо фаҳмо нест, ки чаро кормандони ШВКД ноҳияи Хуросон барои ҷустуҷӯи иштирокчиёни ҳодиса аз аксу наворҳои видеои дар телефони хабарнигор сабтшуда истифода набурданд ва ба ҷойи ин телефони хабарнигорро гирифта, дар ҳолати корношоям баргардониданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.