Субҳи 14 июн як гурӯҳ табибони Лаҳистон (Полша) ва коршиносони Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) иборат аз 9 нафар  ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Тавре маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмононро намояндагони Вазорат истиқбол намуданд.

Гуфта мешавад, ҳадаф ва мақсади ташрифи  гурӯҳи табибони кишварҳои аврупоӣ ба Тоҷикистон табодули таҷриба бо табибони тоҷик ҷиҳати пешгирӣ ва табобати бемории сироятии COVID-19 мебошад.

Зикр мешавад, ки бо мақсади табодули таҷриба бо табибони тоҷик дар самти пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 қаблан табибони варзидаи кишварҳои Ӯзбекистон ва Чин низ ба Тоҷикистон  омада буданд.

Ёдрас мешавад, ки шоми 6 июн гурӯҳи калони табибони Лаҳистон ҳамроҳи се нафар коршиносони СҶТ ба Тоҷикистон ташриф оварда, то имрӯз аз якчанд муассисаҳои тандурустии мамлакат боздид ва бо рафти фаъолияти онҳо шинос шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дар доираи сафари худ онҳо аз манотиқи гуногуни Тоҷикистон дидан карда, тайи як моҳ дар беморхонаву муассисаҳои табобатии мамлакат бо табибони тоҷик табодули таҷриба менамоянд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.