Аз 14 сентябр то 4 октябри соли ҷорӣ Фестивали 13-уми байналхалқии фарҳанг ва сайёҳии «Боми ҷаҳон» баргузор мегардад.

“Бахусус соли 2020 душвор омад, аз ҷумла барои соҳаи фарҳанг низ. Лекин мо тасмим гирифтем, ки фестивалро бекор накарда, онро тариқи онлайн баргузор мекунем. Ҳадафи он инъикоси гуногунрангии фарҳангӣ (маҳаллӣ, минтақавӣ ва умуман, дунёӣ) ва таҳкими якдигарфаҳмӣ тавассути санъат баҳри ҳамзистии осоишта ва арзишҳои умумибашарӣ мебошад”, - гуфтанд ба “Азия-Плюс” ташкилкунандагони чорабинӣ.

Акс аз ҷониби ташкилкунадагони фестивал пешниҳод шуд

Дар чорчӯбаи фестивал дарсҳои устодон (мастер- класс) оиди усулҳои навохтани асбобҳои гуногуни мусиқии кишварҳои иштирокчиёни чорабинӣ, намоиши тасвирҳои рассомони маҳаллӣ доир мегардад.

“Мо бовар дорем, ки баргузории фестивали мазкур бо шакли нав низ моро ба натиҷаҳои интизорбудаи бисёртарафаи лоиҳа наздик меорад ва ба нигаҳдории сулҳ, дӯстӣ, дарки аҳамияти гуногунӣ, плюрализм ва таҳаммулпазироӣ байни халқҳои гуногуни минтақа мусоидат мекунад, ки ин ҳамчунин, ба пешбарӣ ва ташаккули сифати маҳсулоти эко-туризму беҳгардонии сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ҷалби сайёҳон ба кишварамон кӯмак хоҳад расонд”, - гуфтанд онҳо.

Акс аз фестивали гузашта

Фестивал ба нигаҳдорӣ ва пешбарии жанрҳои анъанавӣ ва таҷрибавии (эксперименталии) мусиқӣ ва рақсҳои халқҳои Помир, ҷомеаҳои дигари Тоҷикистон ва ҳамчунин, кишварҳои хориҷи дур ва наздик мусоидат мекунад. Дар фестивали ҷараёндошта аз иштироки мусиқачиёни маъруф аз Қирғизистону Ӯзбекистон, ИМА, Афғонистон, Фаронса ва Тоҷикистон интизорӣ меравад.

"Боми ҷаҳон"  – ҷашнвораи ҳамасолаи мусиқии бузургест, ки дӯстдорони мусиқии этникӣ (қавмӣ)-ро натанҳо аз Тоҷикистон, балки аз кишварҳои хориҷи дуру наздик гирдиҳам меорад.

Соли гузашта фестивал дар шаҳри Хоруғ баргузор шуда буд.

Барномаи фестивали онлайнии кунунӣ

Фестивали “Боми ҷаҳон” аз тарафи ИҶ “Амеша Спента” бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ВМКБ ва ҳамкории Дафтари Швейтсария оид ба ҳамкорӣ дар Тоҷикистон (сарпарасти асосии фестивал), сафорати Швейтсария дар Ӯзбекистон, ширкати Tcell, Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Ташаббуси Мусиқии Оғо Хон, сафорати Австрия дар Нур-Султон, Бунёди Оғо Хон, Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва лоиҳаҳои Accelerate Prosperity баргузор шуда истодааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.