Сокинони маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе аз бинокороне, ки майдонро гирифта, барои сохтмони бинои баландошёна дарахтони онро буриданианд, шикоят доранд. Мактуби онҳо, ки аз номи 237 нафар сокинони хонаҳои 63,65,67,69,73/3 дар кӯчаи Н.Махсум имзо шудааст, ба дасти “Азия-Плюс” расид.

Бино ба маълумоти онҳо, ин ширкат “Фарҳод Ваҳдат” буда, раҳбарияташ аз вохӯрӣ ва робита бо сокинон даст мекашад ва танҳо изҳор медорад, ки қитъаи замин бо қарори ҳукумати Душанбе ба онҳо тааллуқ дорад.

Айни замон гирду атрофи майдон панҷара гирифта шуда, касеро ба дохили он даромадан намемонанд. Дар ҷойи сохтмон ягон аломат ё овезае нест, ки киву чӣ сохтанаш маълум бошад.

Asia-Plus

Сокинон бинокоронро бо он айбдор мекунанд, ки муроҷиати раиси шаҳри Душанберо дар бораи сабзгардонии пойтахт, дарахтшинонӣ назди хонаҳо ва нигоҳубини онҳо нодида мегиранд.

“Иқдоми раиси шаҳр ба баъзе соҳибкорон маъқул нашуд, - мегӯянд сокинон. - Онҳо ба хотири афзудани сарвати худ сабзгардонии кӯчаҳову майдонҳои назди хонаҳоро дастгирӣ намекунанд”.

Ба қавли онҳо, дар кӯчаи Махсум назди хонаҳои 63,65,67,69, 73/3 қитъаҳои сабзпӯш бо дарахтони чандинсола вуҷуд дорад. Дар ин қитъа сохтмони майдони варзишиву солимӣ ва бозиҳо барои кӯдакон пешбинӣ шуда буд.

Сокинон бар ин назаранд, ки сохтмони бинои баландошёна дар наздиии хонаҳои онҳо ба меъёрҳои одии шаҳрсозӣ ва экология созгор нест.


Сокинони ин хонаҳо ният доранд, ки бо талаби қатъи сохтмон ба ҳукумат ва мақомоти суд муроҷиат кунанд.

Яке аз сокинони ин хонаҳо Ирина шикоят мекунад, ки акнун дигар ҷойи бозӣ ҳам несту бо пиёдагард ҳам роҳ рафтан ғайриимкон аст. “Агар шабу рӯз техника ва кранҳо бе таъмини бехатарӣ кор кунанд, шахсро тарсу воҳима фаро мегирад”, - шикоят мекунад ӯ.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.