Овозхони маъруфи эстрадаи тоҷик Шабнами Сурайё атри махсуси занонаеро бо номи худ Shabnam Surayo ба фурӯш баровард. Дар ин бора ӯ дар саҳифаи Instagram-и худ хабар додааст.

Тамғаи нави атриёт аз ҷониби ширкатҳои ин соҳаи Олмон ва Фаронса дар ҳамдастӣ бо ширкати MINO Handels GmbH-и Берлин таҳия гардидааст.

ssbeautygermany

Дар саҳифаи SS-beauty ишора мешавад, ки накҳаташ хеле устувору дар ҳамин ҳол, маҳину нозук ва занона аст. Дар ин саҳифа атрро метавон фармоиш дод.

ssbeautygermany

Фармоишҳо тариқи онлайн “аз саросари ҷаҳон” қабул карда мешаванд. Нархи 1 шишаи атр - 100 доллар.

Худи Шабнам чанд рӯз пеш дар саҳифаи худ эълон кард, ки харидани атр дар ҳама гуна шаҳри кишвар имконпазир аст. Сад харидори аввал соҳиби соядасти овозхон мешаванд.


Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.