Шумори умумии сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон то шоми 4 ноябр 11 ҳазору 180 нафарро ташкил медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ, дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 ошкор шудааст.

Гуфта мешавад, дар ин давра теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар ҷумҳурӣ тағйир наёфта, аз оғози пандемия 83 нафар боқӣ монд.

Шумори шифоёфтагон қариб 49 кас афзуда, акнун теъдоди умумии онҳо 10 ҳазору 438 нафар ё худ 93,3%-ро ташкил медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, чанде пеш Созмони ҷаҳонии тандурустӣ аз шумори рекордии беморони COVID-19 дар як ҳафта хабар дод. Теъдоди сироятёфтагон тайи як ҳафта дар ҷаҳон беш аз 3,3 млн нафар зиёд шуд.

Зикр шуд, ки ин нишондиҳандаи рекордӣ аз оғози пандемия аст. Тай як ҳафта зиёда аз 45 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтида, шумори умумии сироятёфтагон дар саросари дунё ба 46 млн нафар расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.