Зимни як конфронси байнулмилалӣ тариқи онлайн муовини раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон Шаҳноз Раҳматуллозода изҳор дошт, ки тайи солҳо охир нақшаҳои генералии беш аз 90% шаҳру маркази ноҳияҳо таҳия ва тасдиқ шудаанд.

“Дар ҳамин ҳол, дар робита ба 93%-и қаламрави Тоҷикистонро ташкил додани кӯҳҳо, бо мақсади сарфаи замин тасмим гирифта шуд, ки зимни сохтмон ба биноҳои баландошёна афзалият дода шавад”, - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар пойтахти ҷумҳурӣ хонаҳои 2-4-ошёна тахриб шуда, ба ҷойи онҳо биноҳои муосири аз 9 то 18-ошёна, инчунин биноҳои 25-30-ошёнаи таъиноти маъмурӣ-ҷамъиятӣ сохта мешаванд.

Раҳматуллозода ҳамчунин хабар дод, ки аксарияти маҳаллаҳои аҳолинишини кишвар дар қитъаҳои аз лиҳози рух додани офатҳои табиӣ хавфнок ҷойгиранд.

Сурат: Алмаз Сайфутдинов

“Аз ин рӯ, татбиқи лоиҳаҳо бо риояи комили тамоми регламентҳои техникӣ, қоидаҳои санитарӣ-эпидемиологӣ ва экологӣ, талаботи бехатарии сӯхтор, хавфи радиатсионӣ, инчунин эмин нигоҳ доштани иншооти аз лиҳози таърихиву фарҳангӣ арзишманд муҳим аст”, - таъкид дошт ӯ.

Дар доираи кори конфронс дар бораи дастовардҳои беҳтарину ҷолиби кишварҳои узви конфронс дар соҳаи сохтмону меъморӣ маълумот дода шуд.

Ба сафи чунин лоиҳаҳои меъмории минтақаи Осиёи Марказӣ иншооти зерин номбар шуданд: Маҷмааи савдо ва фароғати Хон Шатир (Нур-Султон, Қазоқистон); Театри опера ва балети ба номи Алишер Навоӣ (Тошканд, Ӯзбекистон); Кохи “Рӯҳиёт” (Ашқобод, Туркманистон); Мақбараи Қумбези Манас (Талас, Қирғизистон) ва  Маҷмааи боғи мавриди бунёёд қарордоштаи “Истиқлол” (Душанбе, Тоҷикистон).

Тарҳи маҷмааи боғи "Истиқлол"

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.