Имрӯз, 15 январ соати 11 дар сафоратхонаи Афғонистон дар Душанбе (кӯчаи Н.Махсум, маҳаллаи 82-юм, назди сафоратхонаҳои Эрону Олмон) намоишгоҳи маҳсулоти косибон ва кишоварзони ин кишвар ба кор оғоз мекунад. Воридшавӣ ба ин чорабинӣ озодона аст.

“Дар ин чорабинӣ маҳсулоти косибоне намоиш дода мешавад, ки корҳояшон натанҳо дар ватан, балки дар берун аз ҳудуди Афғонистон низ маъруфу писандида аст”, - хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз сафоратхона.

Ба иттилои манбаъ, дар намоишгоҳ маснуоти миллии заргарӣ аз нуқра, ороишот аз сангҳои қиматбаҳо, маснуоти сафолӣ, зарфҳои чӯбӣ, сабадҳо, чодар, сумкаҳо,  лифофаҳо барои телефонҳои ҳамроҳ, маснуоти “қуроқдӯзӣ”, “чакан” ва “зардӯзӣ”, инчунин сарулибоси миллии занона бо ороишоти маъмули шарқиёна ва дигар маҳсулот ба маърази тамошо гузошта мешавад.

Ҳамчунин дар ҷараёни кори намоишгоҳ тамошобинон метавонанд таъми маҳсулоти кишоварзони афғонро чашида, фермерони афғон доир ба таҷрибаашон дар ин самт изҳори назар мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.