Мақомоти масъули соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз 4 ширкати ҳавопаймоии Русия дар мавриди танзими нархи билетҳо ба парвозҳои чартерӣ ва пешнҳоди нархномаи он посухи расмӣ гирифтанд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон Икром Субҳонзода.

“Дар робита ба талаби мо дар посухи 4 ширкати ҳавопаймоии Русия нархи ҳадди ақалл ва ниҳоии билетҳо ба парвозҳои чартерӣ аз Тоҷикистон ба Русия пешниҳод шуд. Нархи ҳадди ақалл аз 3 ҳазор сомонӣ сар шуда, вобаста ба минтақа ва самти хатсайрҳо то 8 ҳазору 500 сомонӣ то ҳадди ниҳоӣ мерасад”, - иброз дошт Субҳонзода.

Ба гуфтаи роҳбари Агентӣ, нархи ин билетҳо ба ҳисоби миёна 6-6,5 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин аз намояндагони ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб шудааст, ки назоратро пурзӯр намуда, ба болоравии нархҳо дар муқоиса бо нархи пешниҳодшуда роҳ надиҳанд.

“Мо инчунин ба ВКД, КДАМ, Агентии зиддифасод ва Прокуратураи нақлиёт доир ба нархҳои пешниҳодшудаи ширкатҳои Русия мактуб фиристодем. Аз онҳо дархост шуд, ки ба мо барои танзими ин нархҳо ва пешгирии гароншавии билетҳо мусоидат кунанд”, - гуфт роҳбари Агентӣ.

Дар ҳамин ҳол, дар нуқттаҳои билетфурӯшии Тоҷикистон рӯзи 27 апрел дар бораи поинравии нархи билетҳо ба парвозҳои чартерии ширкатҳои ҳавопаймоии Русия хабар доданд.

“Пештар билет ба парвозҳои чартерии гуногун аз 11 ҳазор то 15-16 ҳазор сомонӣ нарх доштанд, лекин чанд рӯзи ахир арзиши онҳо то 9 ҳазор сомонӣ поин рафт. Масалан, билет ба хатсайри самти Хуҷанд-Маскав 8,5 ҳазор сомонӣ нарх дорад”, - гуфтанд дар яке аз хазинаҳои билетфурӯшӣ.

Дар дигар хазина ба “Азия-Плюс” изҳор намуданд, ки билет ба парвозҳои чартерӣ аз Душанбе то Маскав тамом шуда, он аллакай то моҳи июн фурӯхта шудааст.

“Аз 5 июн нархи билети парвози чартерӣ бо хатсайри Душанбе-Маскав аз 8 ҳазору 600 сомонӣ сар мешавад. Ба дигар шаҳрҳои Русия билетҳо аз 8 то 9 ҳазор сомонӣ нарх доранд”, - иброз доштанд дар хазинаи билетфурӯшӣ.

Вазъият дар хатсайрҳои доимӣ ба Маскав низ чунин аст: дар хазинаҳо ба ин хатсайрҳо умуман билет нест.

Ёдрас мекунем, ки 22 апрел мақомоти масъул ба соҳаи авиатсияи Тоҷикистон аз ширкатҳои ҳавопаймоии Русия талаб карданд, ки дар зарфи ду рӯз нархи билетҳои ҳавопаймоиро поин баранд, вагарна Агентии авиатсияи гражданӣ ҷиҳати манъ намудани парвозҳои чартерӣ аз ҷониби онҳо чораҳои дахлдор меандешад.

Сардори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода изҳор дошт, ки аз оғози мавсими баҳору тобистон сар карда, сафари шаҳрвандони кишвар, хусусан муҳоҷирони меҳнатӣ ба самти Русия зиёд гашта, ҳолати мазкурро ширкатҳои ҳавопаймоии ин кишваря ба фоидаи худ истифода ва нархи чиптаи ҳавопаймоиро бениҳоят баланд намуданд.

Русия аз 1 апрел алоқаи ҳавоиро бо Тоҷикистон боз кард. То ҳол барои ба ватан баргардонидани шаҳрвандони Русия аз Тоҷикистон парвозҳои чартерӣ анҷом дода мешаванд. Дар як ҳафта танҳо ду парвоз тариқи хатсайрҳои доимӣ сурат мегирад, ки то тобистон билет ба онҳо пурра фурӯхта шудааст. Дар ҳамин ҳол, давоми ҳафта аз ҷониби ширкатҳои Русия зиёда аз 20 парвози чартерӣ анҷом дода мешавад.

Агентии авиатсияи гражданӣ дар мувофиқа бо ширкатҳои «Сомон Эйр» ва Utair, ки тариқи хатсайрҳои доимӣ парвозҳо анҷом медиҳанд, арзиши билетро ба самти рафтану бозгашт дар хатсайри Душанбе-Маскав 500 доллар муқаррар кард.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо менависанд, ки арзиши билет ба хатсайрҳои чартерӣ то ба 15 ҳазор сомонӣ мерасид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.