Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба муҳоҷиронии кории тоҷикистонӣ пешниҳод намудааст, ки барои дарёфти ҷойи кори муносиб аз як сомонаи махсус истифода кунад.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ барои дарёфти кори муносиб аз пойгоҳи махзани “Работа в России” дар сомонаи www.trudvsem.ru истифода бурда метавонанд”, - хабар медиҳад дафтари матбуоти намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, дар ин махзани маълумот зиёда аз 1,6 млн ҷойҳои кории холии гуногун дар соҳаҳои мухталиф пешниҳод карда шудааст.

Портали “Работа в России” низоми федералии давлатии иттилоотии мансуб ба Хадамоти федералии меҳнат ва шуғл мебошад. Портал барои кумак ба шаҳрвандон ҷиҳати дарёфти кор ва ба корфармоҳо - барои ёфтани кормандони муносиб таъсис дода шудааст.

“Шаҳрвандони Тоҷикистон бо назардошти талаботи субъекти хоҷагидорӣ барои худ ҷойи кори муносиб интихоб карда метавонанд”, - омадааст дар хабар.

Дар хабар таъкид мешавад, ки зимни оғози фаъолияти меҳнатӣ бо корфармо ҳатман қарордоди меҳнатӣ имзо карда, як нусхаи онро бо худ нигоҳ доштан лозим аст.

“Дар ҳолати пайдо гардидани мушкилот дар давраи фаъолияти меҳнатӣ метавонед ба Намояндагии Вазорат дар Русия оид ба муҳоҷират муроҷиат намоед”, - илова шудааст дар маълумот.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.