Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Ширин Амонзода ба ноҳияи Қубодиён ташриф оварда, бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ба волидони панҷгоникҳо дар вазъияти тантанавӣ калиди хонаи панҷҳуҷрагиро тақдим намуданд.

Дар саҳифаи ҳукумати вилояти Хатлон дар Facebook хабар дода мешавад, ки Манзили истиқоматии туҳфашуда бо дастгирии ҳукуматҳои вилояти Хатлон ва ноҳия, инчунин сокинони хайрхоҳи маҳаллӣ дар муддати се моҳ бо маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ бунёд ва ҷиҳозонида шудааст.

Модари панҷгоникҳо Маҳмадова Дилноза ва дигар аъзои хонавода аз кӯмаку дастгириҳои ҳукумати Тоҷикистон ва шахсони хайрхоҳ изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дар дохили хона барои рушду камолёбии кӯдакон шароиту чиҳози зарури аз қабили яхдон, насимафкан, телевизор, гаҳвора, ҷевон, кондитсионер, бозичаҳои кӯдакона ва хати об фароҳам оварда шудааст.

1/15

Ёдрас мекунем, ки қаблан раиси Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Озода Раҳмон бо асбобу лавозимоти зарурии рӯзгор ба ин оила кумак кард.

Охири моҳи декабри соли 2020 дар оилаи сокини 30-солаи деҳаи Бобоҷон Ғафурови ноҳияи Қубодиён панҷгоникҳо ба дунё омаданд. Онҳоро Ҳасану Ҳусейн, Фотимаву Зуҳро ва Хадича ном гузоштанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.