Бо ибтикори шаҳрдории пойтахт дар майдони 800-солагии Москваи пойтахти мамлакат даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии "Ҷилваи рангҳо" доир гардид.

Тавре дафтари матбуоти шаҳрдории пойтахт хабар медиҳад, фестивал  ба хотири тарбияи эҳтироми арзишҳои фарҳанги либоси миллӣ, ҳисси зебоипарастӣ, боло бурдани маданият ва бедор намудани завқи баланди либоспӯшии аҳли ҷомеа, бахусус баланд бардоштани нақшу мақоми либосҳои миллӣ ва муосири кӯдакон, наврасон, ҷавонон, духтарон, занон, бонувон ва мардон баргузор мешавад.

Гуфта мешавад, дар даври шаҳрии фестивали "Ҷилваи рангҳо» духтарону бонувони касбу кори гуногун, ҷавонон ва кӯдакони хушиқболи пойтахт иштирок карда, бо намоиши барномаи дилнишини фарҳангӣ сару либоси миллӣ ва муосирро вобаста ба касбу кор, ороишоти миллӣ ва ҳунари волои рақсу суруд пешкаши ҳозирин намуданд.

Зикр мегардад, ки Фестивали "Ҷилваи рангҳо" дар 6 (шаш) бахш, аз ҷумла либосҳои қадима ва муосири кӯдакону наврасон, либосҳо барои персонажҳои афсонавӣ, либосҳои рӯзмараи ҷавондухтарон, бонувон ва ҷавонону мардон, либосҳои маросимӣ ва идона, либосҳои расмӣ (протоколӣ), либосҳои арӯсии миллӣ ва созмон дода шуд.

Суратҳо аз дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе

1/20

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.