Оҳангсоз ва овозхони маъруфи тоҷик Далер Назаров аз коронавирус сироят гирифтааст. Як хеши ӯ ба “Азия-Плюс” хабар дод, ки “овозхон худро хуб ҳис карда, дар хонааш муолиҷа мегирад”.

“Маълум нест, ки аз куҷо сироят гирифтааст, чунки пеш аз бемор шуданаш ба Хуҷанд ва сипас ба Бадахшон рафта буд”, - гуфт манбаъ.

Аз маълумот додан дар бораи дигар ҷузъиёти ин масъала манбаъ худдорӣ варзид.

Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 3-4 июл шумори сироятёфтагон аз коронавирус дар Тоҷикистон тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ 49 нафар зиёд шуда, акнун шумори умумии сироятёфтагон дар ҷумҳурӣ ба 13 ҳазору 597 нафар расид.

Теъдоди шифоёфтагон аз беморӣ то имрӯз 13 ҳазору 365 нафарро ташкил медиҳад. Давоми ду рӯз 32 нафар шифо ёфтаанд.

Шумори фавт ҳам аз мавҷи дуюми коронавирус афзуд. Давоми ду рӯз боз як нафар фавтида, теъдоди умумии фавтидагон ба 93 нафар расид.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.