Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода зимни нишасти матбуотии рӯзи 21 июл дар бораи ба киҳо тааллуқ доштани чарогоҳҳои кишвар изҳори назар кард.

Ба гуфтаи ӯ, ахиран дар бораи аз ҷониби шахсони сарватманд харидорӣ шудани чарогоҳҳо ва бидуни иҷорапулӣ ба он роҳ надодани чаронидани чорво арзу шикоятҳо зиёд шудааст.

Ориф Хоҷазода дар нишасти матбуотӣ дар ин робита зикр кард, дар ин самт корҳои муайян роҳандозӣ шудааст.

“Чарогоҳҳо бояд ба шахсоне тааллуқ дошта бошанд, ки ба чорводорӣ машғуланд”, - таъкид дошт раиси Кумита.

Нишасти матбуотии Кумитаи давлати идора замин ва геодезии Тоҷикистолн
Сурат: Asia-Plus

Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, 93% чорвои хонагӣ ва 82% чорвои хурди шохдор ба аҳолӣ тааллуқ дошта лекин 70%-и чарогоҳҳо дар Тоҷикисон дар моликияти хоҷагиҳои фермерӣ қарор доранд.

Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон қаблан изҳор дошта буд, ки чарогоҳҳо дар Тоҷикистон монополия (инҳисор) шудаанд.

“Дар баъзе ноҳияҳо, ки шумори аҳолӣ то 200 ҳазор нафар мерасад, ҳамаи чарогоҳҳоро 10-15 нафар азхуд кардаанд. Бахусус чарогоҳҳоеро, ки дар назди деҳот воқеъанд. Шахсоне, ки шиносу робитаҳо ва дастгирӣ доранд, ҳамаи чарогоҳҳоро ба дасти худ гирифтаанд”, - гуфта буд вакили парлумон.

Абдуҳалим Ғаффоров, узви парлумон ва раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон низ дар мавриди ин масъала зикр карда буд, ки зимни тақсимоти чарогоҳҳо бояд назари аҳли ҷомеа ба инобат гирифта шавад.

Ба гуфтаи ӯ, чарогоҳҳо нодуруст тақсим шудаанд, аз ин рӯ, сокинон ҳатто заминҳои назди деҳаи худро истифода бурда наметавонанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.