Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пагоҳ, 12 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ таҳти унвони «Нон шудам, шоистаи ҳар хон шудам» ҷашнвораи нон ва маҳсулоти нонӣ баргузор мешавад.

Тавре дар сомонаи расмии шаҳрдории пойтахт хабар дода мешавад, барои баргузории ҷашнвораи ҷумҳуриявии мазкур аз фонди захиравии раиси шаҳри Душанбе зиёда аз 9 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мешавад.

Ҳадаф аз баргузории озмун эҳёи урфу одатҳои миллӣ, омӯзишу ба насли ҷавон мерос гузоштани беҳтарин анъанаҳои гузаштагони худ дар истеҳсоли нону маҳсулоти нонӣ, намоиши намунаҳои онҳо аз манотиқи мухталифи кишвар, ҷалби таваҷҷӯҳ ва диққати сокинон ба муносибати сарфакорона ба нону маҳсулоти нонӣ унвон мегардад.

Ба мардон ва занони аз 18-сола боло барои иштирок дар озмун иҷоза дода мешавад, дигар маҳдудиятҳо вуҷуд надоранд. Барои муайян кардани ғолибон ба сифати нон ва ороиши он таваҷҷуҳи хосса дода мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.