Ду рӯз мешавад, сокинон ва ронандагони шаҳри Душанбе аз болоравии арзиши роҳкирои таксиҳои фармоишии шаҳрӣ нигаронӣ мекунанд. Вале ширкатҳои хизматрасонии таксӣ ва шаҳрдорӣ инро рад мекунанд.

Ба гуфтаи ронандагони таксӣ, аз дирӯз дар бархе аз ширкатҳо нархи  роҳкиро боло рафтааст: дар баъзе ширкатҳои таксӣ арзиши 1 километр то 3 сомонӣ боло рафта, ба 10 сомонии пешин мусофирон ба ҷои 3 км акнун 2 км мераванд.

Сафари озмоишии хабарнигори "Азия-Плюс" болоравии арзиши роҳкироро тасдиқ кард, аммо маъмурияти ширкате, ки мо аз он истифода кардем, инро рад кард.

- Аз дирӯз мо тарофаҳои нав дорем: баробари савор шудан ба таксӣ, ки 10 сомонӣ буд, акнун шумо метавонед ба ҷои 3 километри пештар 2 километр равед. Пас аз ин, 1 километри роҳ 3 сомонӣ ҳисоб карда мешавад", - гуфт ронандаи ширкати «ЯкТакси». Вале аз ширкат мегӯяд, ки ин тавр нест.

«Воқеан,, ҳоло ин масъала мавриди омӯзиш қарор дорад, ҳанӯз ҳалли он ниҳоӣ нашудааст. Эҳтимол аст, ки дар ояндаи наздик тарифҳо тағйир ёбанд, вале ҳоло мо бо тарифи кӯҳна фаъолият мекунем », - гуфтанд дар ширкат.

Ба гуфтаи ронандаи таксӣ, роҳкиро дар дигар ширкатҳо низ боло рафтааст, аммо расман инро эълон намекунанд.

«Дар бархе ширкатҳо 3 километри аввал 13 сомонӣ шуд ва сипас - тавре ки буд: 1 километр - 2,5 сомонӣ, дар баъзеи дигар ин масофа то 2 километр коҳиш ёфт. Яъне ҳар як ширкат ба таври худ ронандагонашрро дар робита ба болоравии қавии нархи сӯзишворӣ дастгирӣ мекунад, аммо онҳо дар ин бора расман хабар намедиҳанд ”, - гуфт ронандаи таксӣ.

Вай афзуд, ки раҳбарияти ширкатҳо аз ронандагон хоҳиш мекунад, ки то огоҳ шудани муштарӣ мавзӯъро таблиғ накунанд.

Дар ҳамин ҳол, мақомоти шаҳрдорӣ ва Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии нархи роҳкирои таксиро рад мекунанд ва мегӯянд, ки ин масъала ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад.

“Ягон ширкати таксӣ нархҳои навро бо мо мувофиқа накардааст. Онҳо ҳақ надоранд тарифҳоро бе мувофиқа бо шаҳрдорӣ ва тасдиқи Хадамоти зиддиинҳисорӣ боло бардоранд »,-гуфтанд дар Хадамоти зиддиинҳисорбӣ ба “Азия-Плюс”.

Дар шаҳрдории Душанбе гуфтанд, ки ҳеҷ гуна болоравии нарх бо онҳо мувофиқа нашудааст, ин масъала ҳоло ҳам баррасӣ мешавад ва то кунун он ниҳоӣ нашудааст.

Аз “Душанбехадамотнақлиёт”, ҳам гуфтанд, ки то ба ҳол дар мавриди баланд кардани нархи нақлиёти ҷамъиятӣ таҳлил идома дорад ва дар ин бора супорише нашудааст.

- Дар пеш 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад ва то баргузории ин ҷашн нархи нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт баланд намешавад. Ва шояд баъди он ҳам нарх баланд нашавад,-гуфтанд аз “Душанбенақлиётхадамотрасон”.

Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари боло рафтани арзиши газу бинзин дар кишвар, роҳкирои нақлиёти ҷамъиятӣ ба ғайр аз шаҳри Душанбе, дар дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз 37 то 50 фоиз гарон шудааст. Инро ба “Азия плюс” Муассисаи давлатии “Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ”-и Вазорати нақлиёт тасдиқ кард.

Ҳоло дар саросари кишвар якбора болоравии нархи сӯзишворӣ ва камбудии газ мушоҳида мешавад. Ҳамин тариқ, як литр газ аз аввали сол беш аз ду баробар афзоиш ёфт: аз 4 сомонӣ то 9 - 9,5 сомонӣ то имрӯз, 27 август дар Душанбе.

Як литр бензини АИ-92 имрӯз дар Душанбе 8,9-9,5 сомонӣ арзиш дорад.