Намояндагии Иттиҳоди Аврупо ва Гурӯҳи расонаҳои “Азия плюс” бахшида ба 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оғози соли хониш барои садҳо кӯдак дар мактаб-интернатҳои ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва низомаш махсуси шаҳри Ҳисор чорабинии хайриявӣ ва фароғатӣ баргузор намуданд.

Дар доираи чорабинӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мэрлин Йосефсон ва муовини сафир Петра Гашпарова ба бошандагони мактаб-интернатҳо туҳфаҳо, аз ҷумла лавозимоти конселярӣ (варақҳое, ки дар он ҳуруфи Брайл чоп карда мешавад), либосҳои варзишӣ, китобҳои бадеӣ ва дастгоҳҳои мусиқӣ тақдим намуданд.

Дар бахши дигари чорабинӣ барои кӯдакон барномаи фарҳангӣ ташкил карда шуд, ки ҳаҷвнигор Муқимҷон Абдуфаттоев ва Театри давлатии ҷумҳурияии “Лӯхтак” хотири кӯдаконро шод намуданд. Худи кӯдакон бо шеъру суруд ва мусобиқаҳои мухталифи варзишӣ ба чорабинӣ ҳусни дигар зам карданд. Лаҳзаҳои ҷолиби баргузории чорабиниҳои мазкурро дар суратгузориши мо бубинед:

1/20