Маълумоти чанде пеш дар ВАО нашршуда дар бораи қатъи сартосарии оби нӯшокӣ дар шаҳри Душанбе пеш аз мавсими зимистон асоси воқеӣ надорад, изҳор мекунанд дар КВД”Обу корези Душанбе”.

“Соли ҷорӣ бори нахуст пеш аз оғози мавсими зимистон дар пойтахт интиқоли  об сартосарӣ қатъ намегардад”, - хабар дод ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии КВД “Обу корези Душанбе” Зуҳро Сафарзода.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш маълумот дар бораи қатъи интиқоли обро ба “Азия-Плюс” дар шаҳрдории Душанбе тасдиқ намуданд.

Ба гуфтаи котиби матбуотии корхона, солҳои пешин пеш аз давраи зимистон дар моҳи октябр дар шабакаҳои обгузар корҳои таъмиру навсозӣ гузаронида мешуданд ва аз ин рӯ, қисми зиёди аҳолии пойтахт як шабонарӯз бе оби нӯшокӣ мемонданд.

“Соли ҷорӣ ин корҳо тобистон дар миқёси начандон бузург гузаронида шуда, чун солҳои пешин маҳаллаҳои калон бе об намонданд”, - гуфт З.Сафарзода.

Ӯ таъкид дошт, ки имрӯз маҳз бо ҳамин сабаб зарурати баргузории корҳои таъмири бузургмиқёс дар шабакаҳо аз байн рафтааст.

Дар ҳамин ҳол, Сафарзода зикр кард, ки то охири сол кӯча ва хиёбонҳои ҷудогона дар робита ба баргузории корҳои таъмир дар шабакаҳои обрасон шояд як вақти муайян бе оби нӯшокӣ монанд.

“Дар бораи чунин мавридҳои қатъи интиқоли об мо тариқи ВАО ба аҳолӣ хабар хоҳем дод”, - илова намуд Сафарзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.