Рӯзи 17 октябр дар Боғи фарҳангу истироҳати ба номи Фирдавсии шаҳри Душанбе Иди Меҳргон ҷашн гирифта шуд.

Деҳқонону ҳунармандон аз саросари кишвар маҳсули дастони худро дар намоишгоҳ ба маърази тамошо гузоштанд.

Бори нахуст дар намоишгоҳ деҳқонон аз водии Рашт навъи нави картошка – “Тоҷикистон”-ро пешкаш намуданд, ки вазни 1 донаи он ҳатто то ба 1 кило мерасад.

1/27

Меҳргон ҷашни тирамоҳии сол ба шумор рафта, он ҳамчун рамзи шукргузорӣ аз неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мегардад ва ба ин васила ба пайванди инсон ва табиат арҷ гузошта мешавад.

Меҳргон на танҳо ҷашни фаровонии дастранҷи кишоварзону боғдорон ва файзу баракати хонадони мардум аст, балки рамзи унсурҳои неки маънавию фарҳангӣ низ ба шумор меравад.

Соли ҳафтум аст, ки Тоҷикистон ҷашни Меҳргонро дар фазои соҳибистиқлолии мамлакат таҷлил намуда, он мисли ба қатори ҷашнҳои расмӣ ба қонунгузории кишвар ворид гардидааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.