Тибқи маълумоти пешакии обуҳавошиносон, шаби Соли нави мелодии 2022 дар Тоҷикистон боришот дар назар дошта нашудааст.
То 27 декабр дар ҷумҳурӣ ҳавои абрнок ва баъзан боришоти начандон назаррас пешгӯйӣ мешавад, хабар дод ба “Азия-Плюс” муовини директори Агентии обуҳавошиносии кишвар Ҷамила Байдуллоева.
“Тибқи маълумоти пешакии мо, аз 28 то 31 декабр боришот дар назар нест. Ин рӯзҳо ҳаво собу офтобӣ хоҳад буд”, - иброз дошт вай.
Дар ҳамин ҳол, Байдуллоева таъкид дошт, ки дар робита ба ҳавои софу офтобӣ дар Душанбе, шаби 31 декабр обуҳаво аз 2 то 4 хунук ва рӯзона то 7 дараҷа гарм мешавад.
Ёдрас мекунем, ки имсол 22 ноябр дар Душанбе барфи аввал борида, лекин рӯзи дигар аз он тақрибан чизе боқӣ намонд.
Соли гузашта низ тоҷикистониён Соли навро бе барф пешвоз гирифта, лекин обуҳаво хеле хунук буд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




