Доктор Ораш Алоӣ, коршиноси риштаи вирусшиносӣ ба мардуми Тоҷикистон тавсия медиҳад, ки  барои табобати бемории корнавирус аз ҷумла, навъи ҷадиди он «Омикрон» аз доруҳои анибиотикӣ ва зиддивирусӣ истифода набаранд, чун ҳеҷ дармоне намебахшанд.

Ин коршинос дар ҳоле чунин тавсия медиҳад, ки ҳоло дар Тоҷикистон зукоми мависимӣ дар гардиш аст ва тавре мутахассисон ҳадс мезананд навъи ҷадиди «Омикрон» низ ба зуком шабоҳат дошта, бархе мардум баъди натиҷаи мусбати ташхисҳояшон ба худдармонӣ машғул шуда, бо антибиотикҳо табобат мекунанд.

Ораш Алоӣ дар суҳбат ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ниёзе ба гирифтани ҳеч доруи антибиотикӣ ва зидди вирусӣ нест, чун, барои табобати ин навъи ҷадид ҳеҷ антибиотике асар намекунанд. 

«Дар ҳолати тасф доруи «паратсетамол» ва доштани сулфа дору барои сулфаро истъмол намоянд. Дар ҳолате, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷаит намоянд», - гуфт Алоӣ.

Ӯ гуфт, ки навъи ҷадиди  «Омикрон» бо шиддат паҳн мегарданд ва нафароне, ки зуд-зуд нафас мекашанд, хастагиро эҳсос мекунанд ва кабудшавӣ, дарунравӣ, резиши оби бинӣ доранд, ҳатман ба беморхона муроҷиат намоянд. 

«Ҳар фарде, ки чунин нишонаҳоро дар худ эҳсос мекунанд, новобаста аз он, ки аз ташхис гузаштааст ё на, ба шифохона муроҷиат намед. Онҳое, ки ин нишонаҳоро сабук доранд дар хона бимонанд»,-мегӯяд ӯ. 

Ҳамзамон ин пизишк тавсия медиҳад, ба ҷуз бастани ду ниқоб, риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ, шустани дастон ва зуд-зуд ҳавои хонаро тоза кардан, сокинон ҳамчунин бояд ҳатман ду воя ваксина бигиранд, ки роҳи асосоии пешгирии беморист, чун ин навъи ҷадид хеле сареъ паҳн мегардад.

«Агар шахсоне, ки воксан назадаанд, ҳарчи сареътар рафта воксан бизанан ва омодагии худро барои бори севвум гирифани воксан бигиранд», тавсия медиҳад коршинос.

Бояд гуфт, ки доктор Ораш Алоӣ, ки муқими шаҳри Ню-Йорки Амрикост, чанд сол аст, ки ба унвони мушовири байналмилалӣ бо Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунад.