Ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Чаноқ" дигарбора оғоз шуд, аммо ҳоло танҳо аз як масир, аз масири Хуҷанд ба сӯйи Душанбе ба мошинҳо иҷоза дода шудааст. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» аз ширкати IRS иттилоъ доданд.

Дар ширкат гуфтанд, ки пас аз ду соат аз самти Душанбе ба масири Хуҷанд низ иҷоза дода мешавад.

"Ҳаракати мошинҳо ду соат аз тарафи Душанбе ва ду соат аз тарафи Хуҷанд бо навбат иҷоза дода мешавад", - изҳор доштанд дар ширкат.

Таъкид шуд, ки бо назардошти вазъи обуҳаво пас аз соати 7 шояд ҳаракат дар ин масир масдуд карда шавад.

Зикр бояд кард, ки ду рӯз пеш ҳам бар асари фаромадани тарма роҳи Душанбе-Чаноқ баста шуда буд. Ҳамин тариқ, баъди зуҳри дирӯз, 18 январ ширкати  “IRS” хабар дод, ки роҳ аввал аз як ҷониб аз Хуҷанд ба Душанбе ва баъди чанде аз Душанбе ба Хуҷанд пурра боз шуд.

Гуфта мешуд, ки дар қитъаи аз 48 то 73-уми роҳ 13 тарма бо баландии аз 3 то 14 метр ва паҳноии то 200 метр фаромадааст.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи январ низ дар чанде аз қитъаҳои ин роҳ 14 тарма фаромада, ҳудуди 25 автомашина дар роҳ банд монда буданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.