Ширкати ҳавопаймоии Nordwind-и Русия мусофиронро ба хатсайри нави мустақими ҳавоӣ аз Қазон (Тотористон) ба Душанбе даъват мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти фурудгоҳи Қазон.

Гуфта мешавад, ширкати Nordwind бори нахуст ба анҷом додани парвозҳо ба ин масир оғоз мекунад.

Ба иттилои манбаъ, парвозҳо бо ҳавопаймои бароҳати Airbus А321neo бо 218 ҷойи нишаст шуруъ аз 26 май рӯзҳои панҷшанбеи ҳафта иҷро карда мешаванд. Вақти парвоз ҳудуди 3,5 соатро ташкил медиҳад.

Аз Қазон парвозҳо соати 03:05-и вақти маҳаллӣ ва замони расидан ба Душанбе соати 08:30-и вақти маҳаллӣ буда, парвози бозгашт аз Душанбе соати 10:00 ва расидан ба Қазон - соати 11:45 зикр мешавад.

Зикр мешавад, ки барои ҳар кадоме аз фурудгоҳҳо вақти маҳаллӣ нишон дода шуда, вақти Душанбе дар муқоиса ба Маскав 2 соат пештар аст.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин барои анҷоми парвозҳои трансферии Маскав - Душанбе бо бознишасти қулай дар Қазон имкон мавҷуд аст.

Дар ширкат зикр мекунанд, ки дар ҷадвали парвозҳо баъзан тағйирот сурат гирифта метавонад.

Дар бораи нархи парвозҳо дар сомонаи ширкат маълумот дода намешавад. То замони нашри хабар тамос гирифтан бо Агентии авиатсияи граждании ҷумҳурӣ муяссар нашуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.