Сокини шаҳри Ваҳдат Сайфулло Олимов 31 сол пеш ба садама дучор шуд. Дарҳол пас аз он мард ҳис кард, ки қобилиятҳои ғайриоддӣ пайдо намуда, бе зарар ба солимиаш қувваи барқро аз ҷисмаш гузаронида метавонад.

Марди 61-соларо дар Ваҳдат ҳама чун одам-ноқил мешиносанд. Баъди садама ӯ газидани занбӯр (ору)-и асалро ҳам ҳис намекунад, дар гармӣ душворӣ мекашад ва боз бо як даст расонидан дӯстону шиносҳояшро аз дарди сар муолиҷа мекунад.

“Пештар аксарият ба ман бовар надоштанд. Аз ин рӯ, бисёр вақт шартбандӣ карда, бо симҳои луч озмоишҳо мегузаронидам. Боре ҳатто як хона буридам, лекин баъдан бурдро албатта нагирифтам. Ин кори хуб нест”, - табассум мекунад мард.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.