Рӯзҳои 11-12 август дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкуҳи ҷумҳурӣ, ба истиснои қисмати шарқии ВМКБ, омадани сели хусусияти пиряхӣ дошта имконпазир аст. Дар ин бора Оҷонсии обуҳавошиносии кишвар хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти ҳавошиносон, дар ин муддат бар асари ноустувории обуҳаво ва бо дарназардошти боришоти шадиди маҳаллӣ дар доманакӯҳҳо ва навоҳии кӯҳии ҷумҳурӣ эҳтимоли омадани селҳои хавфнок вуҷуд дорад.

Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват кардааст, ки аз эҳтиёт кор бигиранд ва ҳушёриро аз даст надиҳанд.

Инчунин Кумита тавсия медиҳад, ки тамоми чораҳои эҳтиётӣ андешида шаванд.

Аз ҷумла, бо мақсади пешгирӣ намудани оқибатҳо, тоза кардани гилу лой, ҷӯйборҳо аз партовҳо, то ҳадди имкон аз ҷамъоварии ҳезум, моҳигирӣ, чарогоҳ ва шикор дар мавзеъҳои хатарнок худдорӣ намоянд.

Дар ҳолати таҳдиди хатар ба ҳаёт, саломатӣ, молу мулк, ба рақами 112 занг занед ё ба шӯъбаи ҳолатҳои фавқулодда муроҷиат кунед: 93 880 28 19223 13 11.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.