Шумори ҳолатҳои гирифторӣ ба бемории сурхакони маймун дар саросари дунё кам шуд. Дар ин бора рӯзи панҷшанбе, 20 октябр дабири кулли Созмони ҷаҳонии тандурустӣ (СҶТ) Аданом Гебрейесус хабар дод, менависад Eadaily.

“Теъдоди хабарҳо дар бораи ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ дар 8 ҳафтаи ахир кам шуд”, - изҳор доштааст роҳбари Созмон.

Ба гуфтаи Гебрейесус, ин тамоил умедворкунанда буда, лекин дар ҳамин ҳол, дар марҳилаи авҷ қарор доштани хуруҷи беморӣ дар якчанд кишварҳо ҳоло ҳам боиси нигаронист.

Роҳбари Созмон зикр кардааст, ки қариб 90%-и ҳолатҳои сироятёбӣ аз ин беморӣ, ки ҳафтаи гузашта сабт шудаанд, ба Амрикои Шимолӣ ва Ҷанубӣ рост меояд. Авҷи сироятёбӣ аз беморӣ дар Гана ба мушоҳида мерасад, ки дар ин ҷо инчунин 4 ҳолати марг ба қайд гирифта шудааст.

Гуфта мешавад, дар гузориши 8-уми вазъият доир ба хуруҷи бемории сурхакони маймун  зикр мегардад, ки то 16 октябр дар 109 кишвари саросари дунё 73 ҳазору 437 ҳолатҳои тасдиқшудаи гирифторӣ ба беморӣ сабт шуда, бар асари он 29 нафар фавтидаанд. Дар 7 рӯз 2 ҳазору 157 ҳолатҳои сироятёбӣ ошкор шудааст, ки 20,6% камтар нисбат ба ҳафтаи пешин аст.

"Сурхакони маймун" маъмулан дар Африқои Марказӣ ва Ғарбӣ, аксар вақт дар наздикии ҷангалҳои тропикӣ, сабт шуда, дар Конго эндемия (мавҷудияти доимии касалии сироятӣ дар маҳалле) ба шумор меравад. Онро бори аввал соли 1970 дар бадани одамон кашф карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.